Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Ҷойи панҷуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон. «Ҷоми рушд-2026» дар Минск ба охир расид
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвар дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026», ки дар шаҳри Минск баргузор гардид, зинаи панҷумро касб кард.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба «Ҷоми рушд-2026» бо роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов сафарбар шуда буд.
Гуфта мешавад, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаи Минскро (1:0) мағлуб карда, аз тимҳои Беларус (1:6) ва Қазоқистон (1:3) шикаст хӯрд.
Ҳамин тавр, футболбозони тоҷик барои ҷойи панҷум дастаи Озарбойҷонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд.
“Иштирок дар «Ҷоми рушд-2026» ба дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон имкон дод, ки таҷрибаи байналмилалӣ касб карда, малакаашро сайқал дода, омодагиро ба мусобиқаҳои расмии дарпешистода идома диҳад”, - менависад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 мунтахаби наврасони Тоҷикистон қаҳрамони мусобиқаи мазкур гардида буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад