27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
23.02.2026 16:11

Политика: сабри Иттиҳоди Аврупо дар баробари таҳдидҳои таърифаии Трамп лабрез шуд

Нашрияи “Палитика” гузориш дод, ки Иттиҳоди Аврупо пас аз охирин таҳдиди таърифаии Доналд Трамп, президенти Амрико сабри худро аз даст додааст.

Ба гузориши “Палитика” Комиссияи иҷроии Иттиҳоди Аврупо рӯзи якшанбе эълом кард, ки ин блок Вашингтонро таҳти фишор қарор медиҳад, то мушаххас кунад, ки Иёлоти Муттаҳида пас аз лағви таърифаҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби Девони олии Амрико чӣ гуна амал хоҳад кард.

Ин комиссия дар баёнияи тунд пас аз эъломи Трамп дар рӯзи шанбе оиди тамоюл ба нархи таърифаии ҷаҳонии ҷадиди 15 дарсадӣ, эълом кард: “Комиссияи Аврупо хостори шаффофияти комил дар бораи гомҳое аст, ки Иёлоти Муттаҳида пас аз ҳукми ахири Девони олӣ дар бораи Қонуни ихтиёрҳои иқтисодии изтирории байналмилалӣ (IEEPA) қасд дорад бардорад”.

Ин комиссия эълом кард, ки вазъияти феълӣ барои ироаи тиҷорат ва сармоягузории “мунсифона”, судманд ва мусоид нест.

Марош Шефчович, комиссари тиҷорати Иттиҳоди Аврупо рӯзи шанбе бо Говард Луютник, вазири тиҷорат ва Ҷеймисон Грир, намояндаи тиҷорати Амрико гуфтугӯ кард. Иттиҳоди Аврупо бо адами қатъият дар бораи ин ки оё тавофуқи тиҷоратии тобистони гузашта дар Шотландия бо таваҷҷуҳ ба охирин таҳдидҳои таърифаии Трамп ҳамчунон амалӣ мешавад ё не, дасту панҷа нарм мекунад.

“Палитика” навишт: “Ин вазъият, ки ба суръат дар ҳоли тағйир аст, як қонунгузори воломақоми тиҷоратии Иттиҳоди Аврупоро бар он дошт, то аз Парлумони Аврупо бихоҳад раъйгирӣ дар бораи қонуни иҷрои бахши марбут ба тавофуқи тиҷоратии трансатлантик аз сӯи Брюсселро ба таъхир андозад”.

Бернд Ланге, раиси кумитаи тиҷорати Парлумони Аврупо рӯзи якшанбе ба “Палитика” гуфт: “Ба амал баровардани таърифаии ҷаҳонии 15 дарсадӣ тавассути Трамп пас аз шикаст дар додгоҳи олӣ дар рӯзи ҷумъа, нақзи ошкори тавофуқе аст, ки имзо карда будем. Бинобар ин, пешниҳод мекунам, ки феълан тасвиби ин тавофуқро ба ҳолати таъхир дароварем”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.