Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп суханони рӯзноманигори тундрави “Фокс Нюз”-ро бознашр кард: тавофуқ бо Эрон фоидае надорад
Доналд Трамп, президенти Амрико бо бознашри суханони Марк Левин, рӯзноманигори муҳофизакор, шубҳаҳо дар бораи имкони дастёбӣ ба тавофуқи пойдор бо Ҷумҳурии Исломиро бармало кард. Албатта Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ ҳамвора матолиби зиёдеро ба сурати анбӯҳ бознашр мекунад.
Дар хусуси тавофуқ бо Эрон Левин бар ин назар аст: “Бо фарзи ин ки ҳатто агар “беҳтарин тавофуқи таърих” бо Эрон ҳосил шавад, яъне тавофуқе шомили таваққуфи барномаи ҳастаӣ, канор гузоштани мушакҳои боллистик ва поёни ҳимоят аз гурӯҳҳои мусаллаҳ - чӣ тазмине вуҷуд дорад, ки Теҳрон чунин тавофуқро бипазирад ва ба он пойбанд бимонад. Масъала сирфан музокира ё дипломатия нест, балки ба моҳият ва идеологияи ҳоким бар Ҷумҳурии Исломӣ бозмегардад.
Таҷрибаи солҳои гузашта нишон додааст, ки ақибнишиниҳои эҳтимолӣ метавонад муваққатӣ бошад ва Теҳрон дар дарозмуддат аҳдофи худро дунбол кунад. Таҷрибаи Кореяи Шимолӣ ҳушдор медиҳад, ки Эрон низ мумкин аст пас аз даврае таваққуф, барномаҳои худро аз сар бигирад.
Афзоиши сатҳи ғанисозӣ, истифода аз сентрифюжҳои пешрафта ва маҳдуд шудани назоратҳои байналмилалӣ пас аз хуруҷи ИМА аз тавофуқи ҳастаии 2015 нишонае аз беэътимодӣ аст”.
Левин иддао мекунад: “Барои наҷоти фарзандони мо, режим бояд дар Эрон тағйир ёбад!”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”