Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Чин: Ҳукми Додгоҳи олии Амрико дар бораи тарифҳо мавриди баррасии комил қарор дорад
Вазорати тиҷорати Чин эълон кардааст, ки ин кишвар дар ҳоли анҷоми баррасии комили ҳукми Додгоҳи олии Амрико дар бораи тарифҳои тиҷоратӣ аст ва аз Вашингтон хостааст, ки иқдомҳои якҷонибаи тарифиро алайҳи шарикони тиҷоратии худ лағв кунад.
“Reuters” шаби якшанбе, 22-уми феврал гузориш додааст, ки Вазорати тиҷорати Чин таъкид кардааст тарифҳои якҷонибаи Амрико қонунҳои тиҷорати байналмилалӣ ва дохилии Амрикоро нақз мекунанд ва ба нафъи ҳеч тарафе нестанд.
Ин вазорат ҳамчунин, эълон кардааст, ки Амрико қасд дорад аз роҳҳои ҷойгузин, монанди таҳқиқоти тиҷоратӣ барои ҳифзи тарифҳо истифода кунад ва Чин ин мавзуъро бодиққат пайгирӣ карда, аз манофеи худ дифоъ хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол Доналд Трамп, президенти Амрико қасд дорад аз 31-уми март то 2-уми апрел ба Чин сафар кунад, то дидоре миёни раҳбарони ду кишвари иқтисодии бузурги ҷаҳон баргузор шавад.
Ин изҳорот пас аз он матраҳ шуд, ки Додгоҳи олии Амрико бисёре аз тарифҳои ҷоришуда аз ҷониби Трамп, аз ҷумла тарифҳо алайҳи Чинро лағв кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”