Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Ваҳдат мактаберо ба номи сарбози шаҳидшуда гузоштанд
Тибқи иттилои рӯзномаи “Садои мардум” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №150-и деҳаи Баҳори шаҳри Ваҳдат ба номи сарбози шаҳидшудаи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Олимҷон Бутаев гузошта шуд.
Манбаъ менависад, ки дар арафаи таҷлили 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи шаҳидони роҳи Ватан дар муассисаи мазкур чорабинии тантанавӣ низ баргузор гардид.
“Дар чорабинӣ аз ҷасорати ватандӯстонаи ин ҷавонмарди тоҷик, ки баҳри ҳимояи Ватан ҷон додааст, сухан гуфта, руҳи шикастнопазири ӯро пос доштанд. Таъкид шуд, ки Олимҷон Бутаев фарзанди ҷонфидо, ватандӯст ва ифтихори ҳар яки мост”, - омадааст дар матлаби рӯзномаи мазкур.
Иттилоъ дода мешавад, ки Олимҷон Бутаев 16-уми ноябри соли 2002 дар деҳаи Мачитони деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёна ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, 16-уми сентябри соли 2022 зимни муноқишаҳои сарҳадӣ барои ҳифзи хоки Ватан шаҳид шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”