Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Зиёдулло Абдулзода аз давомот дар дарсу ҷаҳонбинии толибилмони мактаби №4-и Левакант нигаронӣ кард
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ таҳти унвони “Усули мактаб ба мактаб” бо роҳбарии сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода дар муассисаи таълимии №4-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд баргузор гардид.
Манбаъ меафзояд, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими таълим, аз ҷумла риояи талаботи либоси ягонаи мактабӣ, таъмин будани хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш, назорати давомот ва рӯзномадорӣ, иштироки фаъолонаи толибилмон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва фаъол гардонидани падару модарон баррасӣ шуданд.
Ба навиштаи маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон нисбат ба масъалаи давомоти хонандагон дар дарс, назорати дохилимуассисавӣ ва донишу ҷаҳонбинии толибилмони муассиса изҳори нигаронӣ карда шуд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки таваҷҷуҳи махсус ба эълон гардидани солҳои 2026-2030 ҳамчун “Солҳои фарҳанги китобхонӣ” равона гардида, ҷиҳати беҳтар намудани шароити китобхонаҳои муассисавию ҷамоавӣ ва истифодаи самараноки китобҳои электронӣ пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”