Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ хитоб ба Трамп: “Таслим намешавем, чун мо эронӣ ҳастем”
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки эронӣ ҳаргиз таслим намешавад.
Ба гузориши расонаҳои Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии ҶИЭ дар вокуниш ба изҳороти Стив Уиткофф, намояндаи Амрико дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон, ки эътироф кард Доналд Трамп дар тааҷҷуб аст, чаро Эрон бо вуҷуди фишорҳои низомии Амрико таслим намешавад, дар сафҳаи шахсии худ навишт: “Кунҷковед бидонед чаро таслим намешавем? Чун мо “эронӣ” ҳастем”.
Ёдоварӣ мешавад, раисҷумҳури Амрико, ки изҳори назар дар бораи чигунагии бархӯрдаш бо Эрон ба як одати ҳаррӯзааш табдил шудааст, шаби ҷумъа дар посух ба ин пурсиш, ки оё дар ҳоли баррасии як ҳамлаи маҳдуд аст, то Эронро барои тавофуқ таҳти фишор бигузорад, ба хабарнигорон гуфтааст, ки “фикр мекунам метавонам бигӯям, ки дар ҳоли баррасии он ҳастам” ва албатта билофосила аз эрониҳо хостааст, ки ба гумони ӯ “беҳтар аст барои як тавофуқи одилона музокира кунанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”