Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Аз Кӯлобу Левакант ва Фархору Панҷ 10 фолбинро боздошт карданд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз бошдошти 10 фолбин дар Кӯлоб, Левакант, Фархор ва Панҷ хабар дод.
Манбаъ менависад, ки кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳрҳои Кӯлобу Левакант ва ноҳияҳои Фархору Панҷ дар пайи амалиёти санҷишӣ 10 нафарро ҳангоми машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир намуданд.
“Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки номбурдагон фолбиниву сеҳргариро василаи ба даст овардани даромад табдил додаву нафарони зиёдеро ба доми макри худ гирифтор намудаанд. Ҳангоми азназаргузаронии манзилҳои онҳо як қатор ашё ва предметҳое, ки барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ истифода мешуданд, дарёфт ва мусодира карда шуданд”, - зикр шудааст дар иттилоия.
Бинобар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон нафарони дастгиршуда инҳо мебошанд: Ҳайдарова Момагул Орифовна соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Кӯлоб, Мирзоев Эмом Амирович соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Кӯлоб, Ғуломова Холдона Миёнҷоновна соли таваллудаш 1954, сокини шаҳри Левакант, Шокирова Назурбӣ Инатуллоевна соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри Левакант, Шарипова Иғболой Менгимуҳамадовна, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Фархор, Канабова Баргигул Муродовна соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Фархор, Раҳимова Робия Шеровна соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Фархор, Шарипов Муҳамадшариф соли таваллудаш 1953, сокини ноҳияи Фархор, Раҳимов Шералӣ соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Фархор ва Қурбонова Иғболбӣ Ғуломнабиевна соли таваллуш 1964, сокини ноҳияи Панҷ.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба шахсони зикршуда тибқи моддаи 482 қисми 1 -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”