Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Маълум шуд, ки Озмуни ҷумҳурияии «Шоҳномахонӣ» аз кай то кай доир мегардад
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 19-уми феврал дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии Озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Манбаъ меафзояд, ки муовини сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ таъкид намуд, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» иқдоми муҳим дар роҳи эҳёи суннатҳои асили миллӣ буда, омӯзиши «Шоҳнома» на танҳо шиносоӣ бо таъриху фарҳанги ниёгон, балки василаи муассири тарбияи насли худшиносу ватандӯст мебошад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар ҷаласа ҷадвали баргузории чор даври озмун барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамин тартиб, даври якум моҳи март, даври дуюм моҳи апрел, даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр ва даври чорум нимаи якуми моҳи декабр баргузор мегардад.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки озмуни мазкур на танҳо воситаи кашфи истеъдодҳои нав дар бахши қироат ва суханварист, балки омили муҳими баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси худогоҳии миллӣ дар ҷомеа ба шумор меравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”