Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ошкор шудани 12 ҳолати вайрон намудани талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар асоси нақшаи корӣ барои нимсолаи якуми соли равон нозирони Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рашт ва Тоҷикобод амалиёти назоратӣ гузарониданд.
Манбаъ меафзояд, ки дар натиҷаи чанд амалиёт 12 ҳолати вайрон намудани талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ошкор гардида, нисбат ба шахсони масъул протокол тартиб дода шуд.
Таъкид мегардад, ки дар ноҳияи Рашт як ҳолати шикори ғайриқонунии кабк ошкор гардида, як адад яроқи шикорӣ ва 5 кабк мусодира карда шуд. Ҳамчунин, 60 кабки зинда барои нигоҳдории муваққатӣ мусодира гардид.
Бинобар иттиллои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади пешгирии шикори ғайриқонунӣ бо 280 нафар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”