Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
OCHA: Рамазон дар Афғонистон дар ҳоле фаро расидааст, ки 17 миллион тан бо гуруснагии шадид рӯбарӯянд
Дафтари ҳамоҳангсозии кумакҳои башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид (OCHA) мегӯяд, ки Рамазон дар Афғонистон дар ҳоле фаро расидааст, ки 17,4 миллион нафар бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ ҳастанд.
OCHA рӯзи панҷшанбе, 19-уми феврал гуфтааст, ки 21,9 миллион тан дар Афғонистон ба кумакҳои башарӣ ниёзманд ҳастанд.
Ба гуфтаи ин дафтар, миллионҳо муҳоҷири бозгашта аз кишварҳои ҳамсоя ва афроде, ки аз офатҳои табиӣ осеб дидаанд, маҷбур ба бозсозии хонаҳои худ ҳастанд.
Дар паёми Дафтари ҳамоҳангсозии кумакҳои башардӯстонаи СММ омадааст: “Дар ин моҳи Рамазон вақте миллионҳо тан рӯза мегиранд ва ифторро бо дигарон шарик мешаванд, биёед ба ёди 21,9 миллион тан дар Афғонистон бошем, ки ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд”.
OCHA пеш аз ин барои расидагӣ ба ниёзмандон дар Афғонистон 1,70 миллиард доллар дархост карда буд.
Гуфтанист, ки қимати маводи хӯрокӣ дар Афғонистон ҳамзамон бо оғози моҳи Рамазон афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”