Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин маҳдудиятҳои Амрико алайҳи Кубаро “ғайриқобили қабул” хонд
Владимир Путин, президенти Русия бо Бруно Родригес, вазири корҳои хориҷаи Куба дар Маскав дидор карда ва маҳдудиятҳои ҷадиди Амрико алайҳи ин кишварро “ғайриқобили қабул” хонд.
Хабаргузории “Рейтерз” рӯзи чаҳоршанбе, 18-уми феврал, гузориш дода, ки ин дидор дар Кремл баргузор шуда ва Путин дар он таъкид кардааст, ки дар ин давраи хос, таҳримҳои ҷадид ҷорӣ шудаанд ва Русия ҳеч яке аз ин иқдомотро намепазирад.
Як дипломати аршади рус пештар эълом карда буд, ки Маскав ба Гавана кумакҳои модӣ ироа хоҳад кард, то монеи талошҳои Амрико барои маҳдуд кардани нафти ин ҷазира шавад.
Путин ҳамчунон равобити Русия ва Кубаро «дар масири мусбат» тавсиф кардааст.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия дар дидори ҷудогона ба ҳамтои кубоии худ гуфта, ки Маскав аз Амрико хостори ба муҳосира гирифтани Куба нест ва ба ҷойи он музокиротро тавсия мекунад.
Дмитрий Песков, сухангӯи Путин эълом кард, ки Маскав мавзуи Кубаро бо Вашингтон мавриди баҳс қарор надодааст. Ин дидор ҳамзамон бо гуфтугӯҳои сулҳи сегонаи Русия, Украина ва Амрико дар Женева анҷом шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”