Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Раҳим Саидзода бо роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон вохӯрӣ кард
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен вохӯрӣ кард.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ба натиҷаҳои ҳамкориҳои амалкунанда, аз ҷумла, дар самти низоми таҳсилот, рақамикунонии соҳа, рушди таҳсилоти фарогир, такмили барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
“Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба таҳияи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти инфрасохтори таълимӣ, густариши дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва ҷорӣ намудани равишҳои муосири таълим дар заминаи таҷрибаи байналмилалӣ муҳокима гардиданд. Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикони рушд, бахусус ЮНИСЕФ, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатӣ дар самти рушди устувори соҳаи маориф нақши муҳим доранд”, - навиштааст маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен аз сатҳи ҳамкориҳои созанда бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ЮНИСЕФ минбаъд низ ҳамчун шарики боэътимоди техникӣ ва зеҳнӣ дар татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф, рушди малакаҳои рақамӣ, таҳсилоти фарогир ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм хоҳад гузошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”