Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ба исрофу зиёдаравӣ роҳ надиҳед”. Кумитаи дин гуфт ифтор дар доираи қонун маҳдуд нашудааст
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки маъракаи ифтор дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳдуд нагардидааст.
Манбаъ меафзояд, ки ҳадафи асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешгирии ҳама гуна сарфу харҷи беҳуда ва исрофкорӣ аст, аз ин рӯ, аз ҳамватанон даъват карда мешавад, ки зимни баргузории маъракаи ифтор низ бо риояи эътидол ба исрофу зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
“Ҳамватанони мо метавонанд ба ҷои густурдани хони бодабдаба дар ҳадди тавон таом ё дигар маводи ғизоиро ба ниёзмандон ва ҳамсояҳо фиристода, ба ин васила аз аҷру савоби бештаре бархӯрдор гарданд”, - зикр мегардад дар иттилоияи Кумита.
Ҳамчунин, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон сокинони кишвар ба анҷом додани садақаи ҷория, аёдати беморон, дастгирии ятимону ниёзмандон ва дигар корҳои хайр таваҷҷуҳ дошта бошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”