Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрдуғон: “Ҳамла ба Эрон ба нафъи ҳеч тарафе нахоҳад буд”
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, эълом кард, ки ҳамла ба Эрон ба нафъи ҳеч тарафе нахоҳад буд.
Ба гузориши расонаҳои Туркия раиси ҷумҳури Туркия рӯзи чоршанбе гуфт, ки ҳамла ба Эрон ба нафъи ҳеч тарафе нахоҳад буд ва Анқара ба тарафи амрикоӣ иттилоъ дода, ки бо мудохилаи низомӣ дар Эрон мухолиф аст.
Суханони Эрдуғон дар ҳоле аст, ки даври ҷадиди музокироти ҳастаӣ байни Эрон ва Амрико рӯзи гузашта дар шаҳри Женева баргузор шуд ва ду тараф эълом карданд, ки дар гуфтугӯҳо пешрафт ҳосил шудааст.
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон, ки ба унвони раиси ҳайати музокиракунанда бо амрикоиҳо ба Женева сафар карда буд, пас аз он музокиротро созанда тавсиф кард, Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, низ гуфт, ки музокирот “хуб пеш рафтааст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”