Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Захарова: “Украина барқасдона маконҳои марбут ба кӯдаконро ҳадаф қарор медиҳад”
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия эълом карда аст, ки Украина барқасдона маконҳоро ҳадаф қарор медиҳад, ки кӯдакон дар он ҳузур доранд.
Хабаргузории ТАСС рӯзи чоршанбе, 18-уми феврал гузориш дода аст, ки Захарова гуфта иқдомҳои Украина ба шакли ҳадафманд бар маконҳои ҳассос, ки марбут ба кӯдакон мешавад, тамаркуз дорад.
Бар асоси гузориш, ин маконҳо шомили мактабҳо, кӯдакистонҳо, шифохонаҳо, заминҳои бозӣ ва бозорҳо мебошанд, ки ғайринизомиён, ба вижа кӯдаконро дар маърази хатари мустақим қарор медиҳад.
Захарова афзуда аст: “Ба ончи режими Киев анҷом медиҳад нигоҳ кунед. Инҳо иқдомҳои дақиқ ва ҳадафманд ҳастанд, на фақат иқдомҳои одӣ, балки ҳамлаҳои террористӣ мебошанд”.
Пештар, Вазорати корҳои хориҷаи Русия дар заминаи чунин ҳамлаҳои Украина эълом карда буд, ки дар ҳафтаи гузашта беш аз 20 ғайринизомии ин кишвар кушта ва беш аз 120 тан, аз ҷумла шаш кӯдак дар ҳамлаҳои Украина захмӣ шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад