Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бозгаштҳои иҷборӣ: Беш аз 800 хонавода рӯзи гузашта ба Афғонистон бозгардонда шуданд
Гурӯҳи террористии Толибон эълом карданд, ки дар идомаи раванди ихроҷ ва бозгашти иҷбории паноҳҷӯёни Афғонистон, рӯзи гузашта 812 хонавода шомили чаҳор ҳазору 214 тан ба кишвар бозгардонда шудаанд.
Ҳамидуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯи Толибон рӯзи чоршанбе, 18-уми феврал дар хабарномае гуфта аст, ки бештарин омори бозгашткунандагон аз тариқи марзи Турхам сабт шуда ва 591 хонавода шомили се ҳазору 150 тан аз ин масир вориди Афғонистон шудаанд.
Бар асоси хабарнома, 155 хонавода аз марзи Спин Булдак, 39 хонавода аз марзи вилояти Нимрӯз, 19 хонавода аз масири Исломқалъа ва ҳашт хонаводаи дигар аз марзи Баҳромчаи Ҳилманд ба Афғонистон бозгардонда шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Комиссариати олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид низ эълом карда буд, ки ҳазорон афғон ҳар рӯз аз Покистон ба Афғонистон бозгардонда мешаванд ва бо камбуди ҷойи зист, хадамоти тандурустӣ ва мушкилоти шадиди иқтисодӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Бозгаштҳои иҷборӣ дар ҳоле идома дорад, ки Афғонистон ҳамзамон бо буҳрони иқтисодӣ, хушксолӣ, зилзила, селоб ва мавҷи густардаи ихроҷи паноҳҷӯён мувоҷеҳ аст: шароите, ки вазъияти хонаводаҳои бозгашткунандаро ба маротиб душвортар кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”