27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
18.02.2026 09:55

Зеленский Трампро танқид кард: “Чаро фақат Украина бояд имтиёз диҳад”

Владимир Зеленский, президенти Украина дар изҳороте бо интиқод аз Доналд Трамп, президенти Амрико ба хотири фишор бар Киев барои додани имтиёз дар масири дастёбӣ ба сулҳ, таъкид кард: “Чаро фақат Украина бояд имтиёз диҳад?”

Зеленский дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии амрикоии “Аксиос” гуфт: “Ин аз рӯйи инсоф нест, ки Трамп дар суханони ҳавоии худ мураттаб аз Украина бихоҳад, ки барои дастёбӣ ба сулҳ имтиёз диҳад, аммо чунин интизориро аз Русия матраҳ намекунад”.

Президенти Украина бо ишора ба ин, ки Трамп дар рӯзҳои ахир ду бор гуфтааст, масъулияти додани имтиёз бар уҳдаи Украина аст, афзуд: “Умедворам ин суханон танҳо бахше аз тактикаҳои ӯ бошад ва тасмими воқеияш чунин набошад”.

Вай ҳамчунин, бо баёни ин, ки мумкин аст барои Трамп осонтар бошад, фақат Киевро барои додани имтиёз таҳти фишор қарор диҳад ва аз Русия, ки бисёр паҳновартар аз Украина аст чунин дархосте накунад, таъкид кард: “Роҳи эҷоди сулҳи пойдор, пешкаш кардани пирӯзӣ ба Владимир Путин, президенти Русия нест”.

Зеленский дар идома бо ишора ба ин, ки Стив Уиткофф, намояндаи вижаи Доналд Трамп ва Ҷаред Кушнер, домод ва мушовири президенти Амрико ба ӯ гуфтаанд, ки Русия воқеан мехоҳад ба ҷанг поён диҳад, афзуд: “Ман нисбат ба нияти воқеии Маскав бисёр бадбин ҳастам”.

Вай ҳамчунин, бо таъкид бар ин, ки Уиткофф ва Кушнер набояд ӯро ба додани имтиёзҳои арзӣ дар муқобили сулҳ водор кунанд, гуфт: “Мардуми Украина иҷоза намедиҳанд хоки ин кишвар ба Русия вогузор шавад”.

Ба гузориши расонаҳо президенти Украина пештар ва ҳамзамон бо баргузории музокироти сулҳ дар Женева гуфта буд, ки дипломатия дар сурате метавонад муассиртар воқеъ шавад, ки бо қудрат ҳамроҳ бошад.

Аммо дар ҳоле ки намояндагони Амрико, Русия ва Украина барои баргузории даври ҷадиде аз музокирот дар Женева ҳузур доранд, Владимир Зеленский дар канали телеграмии худ навишт: “Диплломатияи мо замоне муассиртар хоҳад буд, ки адолат ва қудрат вуҷуд дошта бошад”.

Вай тасреҳ кард, ки ба ҳамин манзур хостори ташдиди фишорҳои таҳримӣ алайҳи Русия, ҳимоят аз неруҳои мусаллаҳи Украина ва тақвияти сомонаҳои падофанди ҳавоии кишвараш аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.