Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Умон: Музокироти Эрон ва Амрико дар Женева бо пешрафти назаррас ба поён расид
Вазорати корҳои хориҷаи Умон эълом кард, музокироти имрӯзи Эрон ва Амрико дар Женева бо пешрафти назаррас ба поён расид.
Ба гузориши расонаҳо Вазорати корҳои хориҷаи Умон дар баёнияе аз баргузории дидори машваратӣ миёни Бадр бин Ҳамад ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷаи ин кишвар, бо Стив Уиткофф, намояндаи вижаи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷаред Кушнер хабар дод.
Бар асоси ин баёния, ин дидор дар шаҳри Женева баъд аз даври ҷадиди музокироти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дирӯз (сешанбе) бо миёнҷигарии салтанати Умон баргузор шуд, анҷом гирифт.
Дар ин мулоқот арзёбии ҳамаҷонибаи фазои умумии музокирот пешниҳод карда шуд ва талабот барои муваффақияти он аз ҷанбаҳои гуногуни сиёсӣ ва техникӣ бо равиши воқеӣ ва созанда баррасӣ шуданд: равише, ки ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Умон, барои тақвияти имкониятҳо барои расидан ба тафоҳумҳо мувофиқи ҳадафҳои музокирот равона шуда буд.
Дар идомаи баёния омадааст, ки музокироти имрӯзи Эрон ва Амрико бо пешрафти назаррас ба поён расид ва ҳамин амр, заминаро барои тадовуми гуфтугӯҳо дар ояндаи наздик фароҳам кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”