Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Махфират Тоирова: “Моро марҳилаи рушди маркетинг дар Тоҷикистон интизор аст”
Ин навбат Dialog.tj бо яке аз чеҳраҳои шинохтаи маркетинг дар Тоҷикистон Махфират Тоирова суҳбат кард. Махфират Тоирова хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ буда, ҳоло дар Алиф Бонк кор мекунад. Пайраҳаи ӯ аҷиб аст. Мавсуф дар мусоҳиба бо мо аз интихоби касб то фаъолият дар зинаҳои гуногуни кори бонкӣ ва муваффақиятҳои назаррасаш қисса кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.
ҲИССАИ ЯКУМ:
“МУҲИМ ОН АСТ, КИ ИНСОН АЗ ҶУСТУҶӮИ ХУД НАТАРСАД”
- Мутаассифона, ҷавонони мо дар интихоби касб хатоҳои зиёд доранд ва ҳар сол мебинем, ки садҳо кас тасодуфӣ ба макотиби олӣ дохил мешаванду дар факултетҳое таҳсил мекунанд, ки аслан намехоҳанд. Бигӯед, ки шумо чӣ гуна касбатонро интихоб кардед ва оё дар интихоб озод будед?
- Фикр мекунам, интихоби касб ҳамеша кори душвор мемонад. Мо аз кӯдакӣ то замони интихоби касб садҳо маротиба фикрамонро иваз мекунем, чунки меомӯзем, мушоҳида мекунем ва бароямон дарҳои нав боз мешаванд. Бо ман низ чунин буд, аз кӯдакӣ то рӯзи интихоби касб чандин орзуҳоямро иваз кардам. Дар интихоб озод будам, вале наздикону атрофиён фикрҳои худро баён мекарданд ва аз таҷрибаи худ маслиҳатҳо медоданд, ки дар интихоби ман нақши калон бозид. Ҳатто рӯзи интихоб ҳам хеле душвор буд, зеро дар сарам маслиҳатҳо, орзуҳо, мақсадҳо ва роҳҳои гуногун чарх мезаданд, вале хуб медонистам, ки ба воситаи касб мехоҳам дар ҷомеа шахси фоидаовар бошам. Ниҳоят, интихоби ман ба соҳаи иқтисод ва менеҷмент дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ рост омад. Шукри Худованд, ман ба таври буҷавӣ дохил шудам ва ҳам бакалавр ва ҳам магистратураро бо дипломи аъло хатм кардам.
- Одатан дар мо духтарон бештар ё соҳаи тибро интихоб мекунанд ва ё соҳаи омӯзгориро, чӣ сабаб шуд, ки шумо соҳаи иқтисод ва менеҷментро интихоб кардед?
- Дар байни орзуҳои зиёди ман низ ҳамин касбҳо буданд. Модарам мехостанд, ки ман духтур шавам. Бибиям бошад, омӯзгоранд, баъзан ба онҳо кумак мекардам, фаъолияти онҳоро мушоҳида менамудам ва як муддате дар дилам орзуи омӯзгор шудан низ пайдо шуда буд.
Маркетинг, ки имрӯз фаъолияти асосии ман мебошад, дар он вақт дар донишгоҳҳо касби машҳур набуд ва дар бораи он маълумоти зиёд надоштам. Аммо бо мурури замон ман ин касбро ёфтаму дарк кардам, ки дар ҷои дуруст ҳастам. Ба назарам, муҳим он аст, ки инсон аз ҷустуҷӯи худ натарсад. Ҳатто агар дар аввал интихоб комилан дуруст набошад ҳам, ҳамеша имконият ҳаст, ки роҳро иваз кунад, худро бисанҷад ва касби воқеии худро пайдо кунад.
- Дар аксар маврид донишҷӯён ду навъ мешаванд. Онҳое, ки пурра назария меомӯзанд ва онҳое, ки ба назария кам аҳамият медиҳанду бештар кори амалӣ мекунанд. Шумо дар донишгоҳ чӣ гуна будед?
- Албатта, ҳар ду муҳиманд, аммо ман бештар афзалиятро дар амалия мебинам. Чунки маҳз дар ҷараёни кори амалӣ инсон мушкилиро аз дарун дарк мекунад ва ҳангоми ҷустуҷӯи роҳи ҳал донишҳои нав меомӯзад. Назария низ хеле муҳим аст, яъне таҳкурсии мустаҳкам мебошад. Онро бояд ҳамеша сайқал диҳем, пайваста омӯзем, зеро дунё ҳамеша дар ҳоли рушд аст. Аз ҳамин сабаб, кӯшиш мекардам на танҳо назария омӯзам, балки ҳамзамон имконият пайдо кунам, ки онро дар амал татбиқ намоям.
- Ба фикри шумо, донишгоҳ то чӣ андоза барои соҳибкасб шудан кумак мекунад?
- Фикр мекунам, ки барои мутахассис шудани мо донишгоҳ нақши муҳим мебозад, аммо касбро танҳо дар ҳолате омухтан мумкин, ки бо он рӯ ба рӯ мешавем. Донишгоҳ ба ман интизом, таҳлили дурусти маълумот ва фикрронии васеъро омӯзонд. Малакаҳои касбиамро бошад, алакай бештар дар раванди кор аз худ кардам, вақте ки бо масъулият ва масъалаҳои ҳақиқӣ рӯ ба рӯ шудам.
ҲИССАИ ДУЮМ:
ВАҚТЕ КИ ИНСОН КОРИ ХУДРО ДӮСТ МЕДОРАД...
- Ба Алиф Бонк чӣ гуна пайвастед?
- Дар курси дуюм таҳсил мекардам ва хоҳиши зиёд доштам, ки бештар омӯзам ва рушд намоям. Як дӯсти наздикам дар бораи фарҳанги Алиф нақл кард ва дар дилам хоҳиши кор кардан дар ин ҷо пайдо шуд. Аммо оғоз кардани кор он қадар осон набуд. Раванди қабул чанд марҳила дошт, аввал имтиҳони онлайнӣ, имтиҳон дар худи Алиф, сипас, мусоҳиба бо менеҷерон, баъд бо Зуҳуршо Раҳматуллоев ва дар марҳилаи охирин бо Абдулло Қурбонов. Ростӣ, дар марҳилаи панҷум ҳатто фикр кардам, ки дигар ба мусоҳиба намеоям, зеро ба назарам ин раванд тамомнашаванда менамуд. Аммо хушбахтона, дар Алиф Бонк (он вақт Алиф Сармоя) ҳамчун мушовир-коромӯз ним баст ба кор қабул шудам. Он вақт дар нуқтаҳои шарикон ба мизоҷон хизматрасонии «Насия»-ро пешниҳод мекардем, машварат медодем ва дархостҳои онҳоро бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ расм гирифта, ба идора равон менамудем.
- Бисёр мешунавем, ки муҳити корӣ дар Алиф Бонк ором, дӯстона ва фарқкунанда аст. Ин муҳитро шумо чӣ гуна дарёфтед?
- Дар Алиф мо фарҳанг ва арзишҳо дорем. Ҳамкоронамон инсонҳои беҳтаринанд, ки ин муҳитро боз ҳам самимӣ ва зеботар мегардонанд. Дар Алиф мо аз хато кардан наметарсем, зеро касе моро сарзаниш намекунад. Баръакс, дилбардорӣ мекунанд ва роҳи дурустро нишон медиҳанд. Мо дарк мекунем, ки хато як қисми омӯзиш аст ва бояд аз он дарс гирифт. Ҳамкорон аз муваффақияти якдигар ҳатто бештар аз худи шахс хурсанд мешаванд ва ин воқеан эҳсос карда мешавад. Фаъолият кардан дар чунин муҳит моро водор месозад, ки гирду атрофро низ зеботар гардонем, мизоҷонро бо табассум ва меҳр пешвоз гирем ва кӯшиш кунем, ки то ҳадди имкон рисолатамонро иҷро кунем.
- Чанд сол мешавад, ки дар Алиф Бонк кор мекунед? Оё лаҳзаҳои мушкил дар корӣ шумо буданд?
- Дар Алиф зиёда аз 8 сол мешавад, ки фаъолият мекунам. Дар ин муддат албатта мушкилиҳои зиёд буданд, лекин бо кумак ва маслиҳатҳои ҳамкорон онҳоро паси сар кардем ва он мушкилиҳо боз инсонро қавитар мекунанд.
- Агар хато накунем, вазифаи шумо дар Алиф Бонк муовини роҳбар ва менеҷери департаменти маркетинг ва коммуникатсияҳо аст. Бигӯед, ки то ин вазифа дар кадом вазифаҳо кор кардед ва умуман дар кори бонкӣ баландравӣ дар вазифа душвор нест?
- Фаъолияти худро дар Алиф аввал ҳамчун мушовир-коромӯз оғоз кардам, баъдан дар фронт-офис ҳамчун мутахассиси қарзӣ, пас аз он мутахасиси пешбар дар Шуъбаи назорати маъмурии қарзӣ ва шаш соли охир бошад, дар Идораи маркетинг ва робита кор мекунам. Дар Алиф ба кормандон имкон дода мешавад, ки худро дар самтҳои гуногун санҷанд, таҷриба гиранд. Бояд бигӯям, ки рушд кардан дар Алиф душвор нест, танҳо мақсади асосӣ «баландравӣ дар вазифа» набояд бошад. Вақте ки инсон кори худро бо дилу нияти нек анҷом медиҳад ва аз интизориҳо бештар кӯшиш мекунад, натиҷа ҳатман меояд.
- Бигӯед, ки як рӯзи кориатон чӣ гуна мегузарад?
- Ба ин савол ҷавоб додан каме душвор аст, зеро рӯзҳои кориам вобаста ба лоиҳаҳо ҳамеша гуногун мегузаранд. Лекин дар маҷмуъ метавонам гуфта, ки ҳамарӯза бо чӣ корҳо машғул ҳастам. Барои пешбурди маҳсулот чорабиниҳои маркетингиро ба нақша мегирам, дар дохили тим вазифаҳоро ҳамоҳанг месозам, рушди маҳсулотро бо менеҷерони масъул муҳокима менамоем ва назорат мекунам, ки ҳама равандҳо самаранок бошанд. Бо шарикон муошират карда, шартномаҳо мебандем ва аз болои мавод корбарӣ менамоем. Таҳлил мекунам, ки кадом самти корро беҳтар ва содатар кардан лозим аст. Ба оптимизатсияи хароҷот диққати махсус медиҳам, то ки буҷет самаранок истифода шавад ва сифати кор дар дараҷаи аъло бошад.
- Ҳамчунин, ба омӯзиш ва мониторинги лоиҳаҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Alif Shop дар Покистон машғул ҳастед. Ин корҳоро чӣ гуна анҷом медиҳед ва оё мушкил нест?
- Айни ҳол бештар бо лоиҳаи Alif Shop дар Покистон бо тимамон машғул ҳастем. Албатта, душвор аст, чунки бозори нав ва аз мо фарқкунанда мебошад. Барои хубтару беҳтар дарк кардан ҳар ҳафта бо нафароне, ки дар он ҷо фаъолият доранд, мулоқоти онлайнӣ мегузаронем, ҳамоҳангсозӣ мекунем. Бароямон лоиҳаҳои хориҷаро ба дӯш гирифтан масъулияти калону ҷолиб мебошад ва боиси ифтихор аст, ки ба тими мо бовар карданд.
- Коргароне ҳастанд, ки аз соати 8:00 то соати 17:00 кор мекунанд ва боз коргароне ҳастанд, ки то корашонро анҷом надиҳанд, барояшон рӯзи корӣ тамом намешавад. Шумо аз кадом гурӯҳ ҳастед?
- Ба фикрам, гурӯҳи дуюм ба ман наздиктар аст. Вақте ки инсон кори худро дӯст медорад, онро бо соат ҳисобу маҳдуд намекунад, балки натиҷаро дар ҷои аввал мегузорад.
- Оё лоиҳаҳое доред, ки бо онҳо ифтихор кунед?
- Ман ягон лоиҳаро танҳо аз худам номида наметавонам, зеро дар кори мо ягон ташаббусе нест, ки касе ба танҳоӣ анҷом диҳад. Имрӯз Алиф на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳо низ зиндагии ҳазорон нафаронро осонтар менамояд ва хеле шодам, ки ман ҳам қисми чунин ташаббус ҳастам. Тими маркетинги мо бо пешбурди маҳсулоти Алиф машғуласт ва ман метавонам гӯям, ки бо ҳар як лоиҳаамон ифтихор мекунам. Чунки ҳамаи онҳо бо меҳнати зиёде ба анҷом мерасанд. Тими бештар аз 38 нафари беҳтарину пуристеъдод дорем.
- Сомонаи the-tech.kz шуморо аз ҷумлаи чеҳраҳои саршиноси маркетинг дар кишвар ноимдааст. Бигӯед, ки ин муваффақият барои кадом дастовардҳост?
- Дурустараш аз онҳо пурсидан лозим аст, ки бо кадом сабаб ба ман чунин унвон доданд. Дар асл, барои ман низ каме ногаҳонӣ буд, вақте ки сомони the-tech.kz бо чунин пешниҳод навиштанд. Сабабаш эҳтимолан аз он вобаста аст, ки Алиф дар маҷмуъ натиҷаҳои назаррас дорад ва маркениг низ яке аз қисматҳои калидӣ ба ҳисоб меравад.
- Ба андешаи шумо, имрӯз маркетинг дар кишвари мо дар кадом сатҳ аст ва ё ба ояндаи дурахшони ин касб бовар кардан мумкин аст?
- Ба назари ман, маркетинг дар Тоҷикистон ҳоло дар ҳолати рушд қарор дорад. Аллакай бисёр ширкатҳо муҳимияти бренд ва муарифии онро дарк мекунанд. Лекин, агар бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ муқоиса кунем, дар бозори мо ҳоло он қадар рақобати қавӣ маҳз дар соҳаи маркетинг ташаккул наёфтааст. Ба фикрам, рақобат бозорро «бедор» мекунад, ширкатҳоро водор месозад, ки роҳу усулҳои нав ҷӯянд, сифатро беҳтар кунанд ва қавитар шаванд. Дар умум, боварӣ дорам, ки маркетинг дар кишвари мо ҷойгоҳи худро меёбад ва дар пеш моро як марҳилаи ҷолиби рушд интизор аст.
ҲИССАИ СЕЮМ:
ФАЗОВУ МУҲИТ
- Маълум аст, ки кори шумо ниҳоят зиёд аст ва бо нақшаи пешакӣ амал мекунед. Оё тавозуни кору зиндагии шахсӣ доред ва ба қавле барои худ ҳам зиндагӣ мекунед?
- Албатта, тавозун ҳаст. Чун ки бе ҳолати хуби дохилӣ инсон наметавонад самаранок кор кунад. Ман кӯшиш мекунам, ки вақти худро дуруст ба нақша гирам, то ки барои истироҳат ва барқарор кардани қувва низ фурсат бошад.
- Берун аз кори бонкӣ ба кадом корҳо машғул мешавед ва умуман шуғли дӯстдоштаатон чист?
- Рӯзҳои истироҳат ҳар гуна мегузаранд. Баъзан вақт истироҳати фаъол хоҳиши ба ҷое рафтан ва муҳитро иваз кардан пайдо мешавад. Баъзе вақти дигар баръакс, мехоҳам дар хона бошам ва қувваи худро барқарор кунам. Бо оила ва дӯстон вақт мегузаронам. Инчунин, дар вақтҳои холӣ китоб хонданро низ дӯст медорам.
- Кору вазифаву масъулиятҳое, ки ҳоло доред, 10-15 сол пеш, замоне ки кӯдаку наврас будед, бовар доштед, ки имрӯз ин гуна мешавад ҳаёти шумо?
- Дар асл, аз хурдӣ бовар доштам, ки Худованд ҳар як бандаашро вобаста аз нияту ҳаракатҳояш дер ё зуд ба мақсадҳои некаш мерасонад.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”