Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Муъминобод 23 касро барои қиморбозӣ боздошт карданд
Кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Муъминобод як ҳолати ғайриқонунии ташкили қиморхонаро дар бинои «Маркази хизматрасонии Шамс» воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Чорсӯи ноҳияи мазкур ошкор намуданд.
Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, кормандони милитсия ҷамъияти қиморбозонро дар болои бозии саргармкунанда боздошт намуданд.
Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки шаҳрвандон Рашидов Баҳром Раҳимович соли таваллудаш 1985 ва Ҷомии Абдурасулӣ соли таваллудаш 1996, сокинони деҳаи Деҳлолои ноҳияи мазкур дар ҳайати гурӯҳӣ, ғайриқонунӣ қиморхона ташкил ва онро роҳбарӣ менамудаанд. Номбаршудагон бо сокинони маҳаллӣ ва сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо, аз қабили шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Фархор давраи қиморбозӣ ташкил дода, сари ҳар бозӣ аз иштироккунандагон маблағҳои пулӣ мегирифтаанд.
“Усули анъанавии қиморбозӣ бо истифода аз санги бозӣ (зарик)-ро бо қиморбозии навъи «Хлюс» ҷамъияти 23-нафара истифода бурда ба бозии бурдноки пулӣ машғул шудаанд”, - зикр мегардад дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба Рашидов Баҳром Раҳимович ва Ҷомии Абдурасул парвандаи ҷинояти бо моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.
Дар ин росто, нисбат ба иштирокдорони бозӣ барои машғул шудан ба қиморбозӣ бо дастрасии талаботи моддаи 465 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ва таъини ҷазо ба мақомоти суд ирсол карда шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”