Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
«Барқчӣ»–«Ҳосилот» ва «Панҷшер»–«Ҳулбук» дар даври ниманиҳоии Eurol-Ҷоми ФФТ-2026
Бошгоҳҳои «Барқчӣ»–«Ҳосилот» ва «Панҷшер»–«Ҳулбук» дар даври ниманиҳоии мусобиқаи Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 рақобат хоҳанд кард.
Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид ва имрӯз, 17-уми феврал дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе бозиҳои даври ниманиҳоӣ баргузор мегарданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ғолибони даври ниманиҳоӣ ба финал роҳ меёбанд ва дастаҳои мағлубшуда барои зинаи сеюм рақобат мекунанд. Бозиҳои ниҳоии мусобиқаи мазкур 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки фонди умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 000 сомонӣ аст. Ғолиби мусобиқа бо 50 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 000 сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”