27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
16.02.2026 19:17

СММ: Занони Афғонистон бо вуҷуди маҳдудиятҳо ҳамчунон хостори эҷоди касбу кор ҳастанд

Барномаи рушди Созмони Милал (UNDP) эълом кардааст, ки занони Афғонистон бо вуҷуди маҳдудиятҳои густарда, ҳамчунон мехоҳанд кор кунанд ва талош доранд бо эҷоди касбу кор аз хонаводаҳои худ ҳимоят кунанд.

Ин созмон рӯзи душанбе, 16-уми феврал гузориш додааст, ки баррасиҳои анҷомшуда нишон медиҳад занони Афғонистон дар шароити душвор низ хостори ҳимоят барои эҷод ё густариши фаъолиятҳои иқтисодии худ ҳастанд.

Созмони Милал афзуда, ки ин хостаҳо бо барномаҳои ин ниҳод барои тавонмандсозии иқтисодии занон ва эҷоди фурсатҳои баробар ҳамсӯ аст ва нишон медиҳад иштироки иқтисодии занон ҳамчунон зарфияти болое барои рушд дорад.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки намунаҳои муваффақи корофаринии занон, баёнгари он аст, ки сармоягузорӣ ва ҳимоятҳои ҳадафманд метавонад дониш ва маҳоратҳои маҳаллиро ба фаъолиятҳои иқтисодии пойдор табдил кунад.

Барномаи рушди Созмони Милал гуфтааст, ки идомаи ин раванд метавонад сабаби афзоиши касбу кор, тақвияти оромиши хонаводаҳо ва рушди иқтисодӣ дар сатҳи ҷомеа шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.