Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Рубио: “Мо намехоҳем Аврупо фармонбардори мо бошад”
Вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ки ин кишвар қасди хуруҷ аз НАТО-ро надорад ва ҳазорон сарбози амрикоӣ дар маъмуриятҳои ин иттиҳод ширкат доранд.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Марко Рубио пас аз гуфтугӯ бо Роберт Фитсо, сарвазири Словакия дар Братислава, дар як конфронси хабарӣ дар посух ба суоле дар бораи вазъияти Амрико дар НАТО дар миёни гузоришҳо перомуни коҳиши неруҳои амрикоии мустақар дар Аврупо гуфт: “Мо НАТО-ро тарк намекунем. Мо мумкин аст чанд ҳазор сарбозро аз як кишвар ба кишвари дигар мунтақил кунем, аммо ин гуна иқдомот ҳамеша вуҷуд дошта аст”.
Ба гуфтаи Рубио, Вашингтон нуфузи бештари кишварҳои аврупоӣ дар НАТО-ро як амри манфӣ намедонад ва мехоҳад Аврупоро ба унвони як шарик ва на фармонпазир бубинад.
Вай афзуд: “Мо аз Аврупо намехоҳем, ки фармонпазири Амрико бошад. Мо мехоҳем шарики онҳо бошем. Мо мехоҳем бо Аврупо ҳамкорӣ кунем. Мо мехоҳем бо муттаҳидони худ ҳамкорӣ кунем.
Марк Рютте, дабири кулли НАТО аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки коҳиши теъдоди неруҳои амрикоии мустақар дар Аврупо замон мебарад.
Ба гуфтаи вай, Вашингтон мехоҳад “бештар ба самти Осиё тамаркуз кунад”.
Вазорати ҷанги Амрико (Пентагон) дар соли 2025 як гурӯҳ аз лашкари 101 ҳавобурди артиши Амрикоро аз Руминия ба пойгоҳи аслии худ дар иёлати Кентуккӣ мунтақил кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”