Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии Эрон доир мегардад
Тавре ки АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад.
Манбаъ меафзояд, ки ҳадаф аз ташкили намоишгоҳи мазкур муаррифии имкониятҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дастовардҳои илмию фаннӣ ва маҳсулоти рақобатпазири ширкатҳои эронӣ дар бахшҳои энергетика, сохтмон, саноати сабук, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва дорусозӣ мебошад ва он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон доир мешавад.
“Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои пешсафи эронӣ маҳсулот ва хизматрасониҳои худро пешниҳод намуда, имкониятҳои ҳамкориро бо доираҳои соҳибкории Тоҷикистон баррасӣ менамоянд. Баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи соҳибкорон (B2B), муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва баррасии ташкили корхонаҳои муштарак аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳими он хоҳад буд”, - зикр мегардад дар хабарнома.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд бо навигариҳои истеҳсолкунандагони эронӣ шинос шуда, молу маҳсулотро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”