Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
«Нутрилон» ва «Малютка» аз нуқтаҳои савдо гирифта мешавад
Бинобар иттилои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор маҳсулоти партияи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» аз муомилот бозхонд ва аз нуқтаҳои савдо гирифта мешавад.
Манбаъ менависад, ки ин кор дар асоси мактуби хатии ширкати "DANONE" истеҳсолкунандаи маҳсулоти зери тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка», инчунин, муроҷитаи расмии ширкати воридкунанда ҶДММ «Рушон» амаль мегардад.
Дар ин росто, Агентӣ таъкид мекунад, ки шаҳрвандон ва сокинони кишвар аз партияи маҳсулоти ширии кӯдаконаи ширкати "DANONE" бо тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка», аз ҷумла NUTRILON PREMIUM 1400 гр партияҳои 20261119, 20260808, NUTRILON PREMIUM 2400 гр партияҳои 20260812, 20261014, 20261125, 20261222, NUTRILON PREMIUM BIG 1600 гр партияҳои 20260807, 20260912, 20261112, 20261210, NUTRILON PREMIUM BIG 2600 гр партияҳои 20260808, 20261009, 20261112, 20261210, 20261230, MALYUTKA 1 GOLD 600 гр партияҳои 20260808, 20261111, 20261210, 20261230, MALYUTKA 1 GOLD 300 гр партияҳои 20260806, 20261014, 20261203, 20270107 истифода набаранд ва онҳое, ки алакай харидорӣ кардаанд, бозпас гардонанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки қатъи истифода ва фурӯши маҳсулоти ширкати "DANONE" бо тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» танҳо ба партияи маҳсулоти зикршуда марбут аст.
Гуфта мешавад, ки дар таркиби партияи муайяни маҳсулоти мазкур эҳтимоли вуҷуд доштани токсини сереулид мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”