27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
14.02.2026 16:31

Набарди Чину Амрико бар сари маъданҳои Покистон

Иёлати Балуҷистони Покистон солҳо бо ноамнӣ ва бесуботӣ шинохта мешуд ва акнун ба саҳнаи рақобати фазояндаи Чин ва Амрико бар сари манобеи азими мис ва тилои худ табдил шудааст.

Нашрияи “Осиё Таймз” дар гузорише ба рақобати хатарноки Чин ва Амрико бар сари манобеи маъдани иёлати Балуҷистони Покистон пардохта ва чунин унвон кард: “Ин минтақа, ки дар таърихи муосири Покистон ҳамвора бо ноамнӣ, риски сиёсӣ ва тавсеа шинохта мешуд, акнун дар ҳоли табдил шудан ба конуни роҳбурдӣ дар рақобати ҷаҳонӣ бар сари маводи маъдани ҳаётӣ аст”.

Иёлати Балуҷистони Покистон бо вуҷуди бархурдорӣ аз захираҳои азими мис ва тило, солҳо натавонист сармоягузории пойдори байналмилалӣ ҷазб кунад ва шикоф миёни зарфияти азим ва воқеиятҳои амниятӣ, онро дар зеҳни сармоягузорони минтақаӣ пурхавфтар ҷилва дод. Аммо пас аз он ки Исломобод имтиёзҳое ба ширкатҳо дод, мавҷи тозае аз сармоягузориҳои чинӣ ва покистонӣ ба ин минтақа ворид шуд ва арзёбиҳо тағйир кард.

Бар асоси ин гузориш, додани имтиёзҳои ҷадид ба ширкатҳои чинӣ ва гурӯҳҳои бузурги тиҷоратии Покистон, доманаи фаъолиятҳоро фаротар аз барномаи шохиси “Реко дик”, мутааллиқ ба ширкати канадагии “Брик голд”, ки пештар дар ин минтақа фаъолият мекард, густариш дод.

Дар ҳамин росто, Исломобод ба сохтори худ оид ба идораи маъдан дар бандари Қосим дастур дод, ки маъмури мудирияти содироти марҳилаии беш аз панҷ миллиард доллар шавад. Ҳамчунин, пешбинӣ мешавад бо оғози тавлид дар солҳои 2027 то 2029 мизони тавлиди консантра ба 800 ҳазор то як миллион тон дар сол бирасад.

Ин дар ҳоле аст, ки афзоиши зарфияти тавлид ба чунин сатҳе барои иқтисоде, ки бо буҳронҳои мукаррари тарози пардохтҳо ва заъфи содирот мувоҷеҳ аст, метавонад бар саломати куллии иқтисоди миллӣ таъсиргузор бошад.

Бинобар ин, вуруди сармоя дар ин миқёс ба таври маъмул дар муҳитҳои комилан бесубот рух намедиҳад ва тавсеаи зерсохтҳои лагистикӣ ва шабакаи имтиёзҳои маъданӣ, нишонае аз афзоиши эътимоди бозор ба суботи баландмуддати Покистон аст. Дар айни ҳол, “Реко дик” ба арсаи лагистикӣ низ табдил шуда ва ҳимояти молии ҳудуди 103 миллиарддолларии Амрико дар чорчӯби занҷираи таъмини маводи маъдании ҳаётӣ дар канори ҳузури Чин, нишондиҳандаи ҳамгароӣ ва рақобати ҳамзамони қудратҳои бузург бар сари манобеи ин минтақа аст: ҳолати мушобеҳи дар Конго, Замбия ва Чили дида мешавад.

Бо ин ҳол, чолишҳои амниятӣ ҳамчунон побарҷост ва ҳамлаҳои террористӣ ва амалиётҳои низомии давлат, шиканандагии муҳити амалиётиро барҷаста мекунад.

Исломобод барои итминонбахшӣ ба сармоягузорон, дар ҳоли тақвияти неруҳои амниятӣ, густариши шабакаҳои иттилоотӣ ва афзоиши ҳамкорӣ бо шарикони калидӣ, ба вижа Чин аст. Аммо бисёре аз таҳлилгарон муътақиданд решаи нооромиҳои Балуҷистон дар эҳсоси ҳазфи сиёсӣ, тавзеи нобаробарии манобеъ ва заъфи ҳукмронӣ нуҳуфта аст.

Дар воқеъ, агар аз нигоҳи сокинони маҳаллӣ мушоҳида шавад, мутаваҷҷеҳ хоҳем шуд, ки муваффақияти тарҳҳое монанди “Реко дик” танҳо замоне маъно дорад, ки ба машғулият, даромади маҳаллӣ, тавсеаи зерсохтҳо ва беҳбуди хадамоти умумӣ сабаб шавад. Бинобар ин, тадовуми эътимоди сармоягузорон на танҳо ба амният ва заминшиносӣ, балки ба мизони ризоят ва мушорикати ҷомеаи маҳаллӣ вобаста хоҳад буд.

Ин расонаи чинӣ дар интиҳои гузориши худ навишт, ки иёлати Балуҷистони Покистон акнун дигар сирфан минтақаи бесубот талаққӣ намешавад, балки ба майдони роҳбурдии рақобати ҷаҳонӣ бар сари манобеъ табдил шудааст: рақобате, ки метавонад ояндаи иқтисодӣ ва лагистикии Покистонро таҳти таъсир қарор диҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.