27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
14.02.2026 15:35

Пизишкиён: “Дар ҳадди имкон сармоягузориро дунбол мекунем”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии исломии Эрон: “То ҷое ки манобеи дохилӣ иҷоза диҳад, сармоягузориро дунбол хоҳем кард”.

Ба гузориши хабаргузории эронии “Тасним”, Масъуд Пизишкиён, президенти Эрон дар ҳамоиши байналмилалии “Эрон-коридор 2026”, фурсатҳои сармоягузорӣ ва таъмини молии роҳҳои оҳан ва дигар роҳҳоро тайи суханоне баён кард: “Чандин монеаҳо ва мушкилоте дар масири ҳамкорӣ дар заминаи мавзуҳои мавриди назари ин нишаст вуҷуд дошта бошад, омодагӣ дорем дар чорчӯбҳои илмӣ, коршиносӣ ва мубтанӣ бар таҷрибаҳои муваффақ онҳоро бартараф кунем”.

Вай бо баёни ин ки “аз нигоҳи мо, сармоягузор ва кишвари шарик дар ҳамкорӣ бояд қонеъ шавад”, афзуд: “Мардумоне, ки аз ин масир, зерсохт ё барнома истифода мекунанд низ бояд қонеъ шаванд. Замоне метавонем канори якдигар қарор бигирем, ки ҳамаи тарафҳо аз ин таомул баҳра бибаранд, дар чунин шароит эътимод шакл мегирад ва ҳамкориҳо пойдор мешавад”.

Президенти Эрон хотирнишон кард: “Муътақидем дар ин масир, на ҳаққи ҳеч кишваре бояд поймол шавад, на тамомияти арзӣ ва на ихтиёри тасмимгирии он нодида гирифта шавад, бо эҳтироми мутақобил ва ҳифзи ҳокимиятҳо метавонем дар як таомули созанда, рӯ ба ҷило ҳаракат кунем”.

Вай изофа кард: “Нигоҳи мо фаротар аз як равобити сирфан идорӣ ва дипломатӣ аст, мо ин таомулро бар пояи бародарӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил медонем ва муътақидем бо чунин нигоҳе метавон ҳамкориҳои мондагор ва муассирро шакл дод”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.