Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Рябков: “Барномае барои табдили БРИКС ба блоки низомӣ вуҷуд надорад”
Сергей Рябков муовини вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, ки БРИКС як иттиҳоди низомӣ нест ва ҳеч барномае барои табдили он ба як блоки низомӣ вуҷуд надорад.
Ба гузориши расонаҳо Сергей Рябков дар мусоҳибае бо ТАСС, ки шанбе мунташир шуд, изҳор кард: “Ёдоварӣ мекунам, ки БРИКС як иттиҳоди низомӣ ва як созмони амнияти ҷамъӣ бо мақсади дифои ҷамъӣ нест. Ҳаргиз чунин тарҳе вуҷуд надошта ва надорад”.
Муовини вазири корҳои хориҷаи Русия афзуд: “Дар мавриди размоиши дарёии ахир дар Африқои Ҷанубӣ бояд гуфт, ки аъзои БРИКС ба унвони кишварҳои мустақил дар ин размоиш ширкат карданд ва ин як рӯйдоди марбут ба БРИКС набуд”.
Рябков дар посух ба ин пурсиш, ки БРИКС чи гуна метавонад аз киштиҳои тиҷоратии худ дар муқобили ҳамлаҳо муҳофизат кунад, гуфт, ки ин блок “ғайр аз беҳбуди логистикӣ ва муҳофизати бештар дар муқобили таҳримҳо” ҳеч механизми дигаре барои ин манзур надорад”.
Вай шарҳ дод: “Мо чунин вазифае барои худамон таъйин накардаем. Ниёзҳои амниятӣ бояд бо абзорҳои дигаре таъмин шавад”.
Созмони БРИКС дар соли 2009 бо ширкати Бразилия, Русия, Ҳинд ва Чин дар шаҳри Екатеринбурги Русия таъсис шуд ва як сол баъд Африқои Ҷанубӣ ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шуд. Сипас, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Миср, Эфиопия ва Иморот низ аз ибтидои соли 2024 ба ин гурӯҳ пайвастанд. Пас аз он кишвари Индонезия ҳам аз ибтидои соли 2025 ба гурӯҳи БРИКС пайваст. Ҳамчунин, гурӯҳи БРИКС феҳристе аз кишварҳоро дар қолаби шарик муаррифӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”