26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:39, Душанбе
13.02.2026 09:34

Ду намоиши дидании Театри ҷавонон дар «Ҳафтаи намоишномаҳои камеравӣ»

Тибқи иттилои дастрас, дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рӯзҳои 13-ум, 14-ум ва 16-уми феврал «Ҳафтаи намоишномаҳои камеравӣ» баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ки 13-ум ва 14-уми феврал намоиши «Актриса» аз рӯи асари Карина Шадимова, бо коргардонии Қамариддин Мирзоев ва ҳунарнамоии ҳушнарпешаи маъруф Зарина Бадалзода ба саҳна гузошта мешавад.

Тибқи иттилои масъулини Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, моноспектакли «Актриса» дар 9-умин Ҷашнвора-озмуни байналмилалии «Фазои ҷавонон» (шаҳри Сочи, Русия, 2018) дар бахши «PROMONO» соҳиби ҷоизаҳои «Беҳтарин ороиши саҳна», «Ҳалли пластикии намоиш», «Беҳтарин нақши занона» гашта, инчунин, сазовори дипломҳои махсус «Барои коргардонӣ ва ҷасорат» (Қ. Мирзоев) ва «Барои ғайрат ва илҳоми эҷодӣ дар касб» (З. Бадалзода) мебошад.

Ҳамчунин, 16-уми феврал намоиши «Шабе дур аз Ватан» дар коргардонии Нозим Меликов ва нақшофарии Абдумумин Шарифӣ ва Моҳпайкар Ёрова манзури алоқамандони театр мегардад.

Намоиши «Шабе дур аз Ватан» дорои як қатор ҷоизаҳо мебошад. Аз ҷумла, «Ҷило-2014» дар номинатсияи «Беҳтарин намоиши сол» барои саҳми назаррас дар рушди фарҳанги форсизабонони дунё, «Парасту-2011» ҷойи якум ва ҷоизаи «Беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона», Ҷашнвораи байналмилалии «Тунгышбай Ал-Тарази приглашает в Тараз» (Қазоқистон, 2015) «Беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона», 6-умин ҷашнвора-озмуни байналмиллалии  театрӣ  “Қазоқистон  қалби  Осиё” ҷоизаи “Беҳтарин  иҷрои дуэти ҳунармандӣ (актёрӣ)” (А.Шарифӣ ва М.Ёрова) ва ғайраҳо.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.