27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
12.02.2026 17:22

ЮНИСЕФ хостори бозкушоии ҳамаи гузаргоҳҳо барои ироаи кумакҳои башардӯстона дар Ғазза шуд

Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) эълом карда, ки бозгушоии гузаргоҳи Рафаҳ гоми муҳим ва қобили истиқбол аст, аммо кумакҳои башардӯстона ҳанӯз аз ин масир вориди Ғазза намешавад ва тахлияҳои пизишкӣ низ бисёр маҳдуд аст.

Ин созмон рӯзи панҷшанбе, 12-уми феврал дар саҳифаи “Х” навишта, ки барои наҷоти ҷони кӯдакон, ҳамаи гузаргоҳҳо ва масирҳо бояд ба сурати густурда ва ҳамзамон боз шаванд ва имкони убури амн ва бо каромат барои мардум дар ҳар ду тараф фароҳам шавад.

ЮНИСЕФ таъкид карда, ки афзоиши фаврӣ ва қобили таваҷҷуҳи тахлияҳои пизишкӣ ҳаётӣ аст, зеро бисёре аз кӯдакон дар шароити буҳронӣ қарор доранд ва ниёзманди дармони фаврӣ ҳастанд.

Созмонҳои имдодрасон пештар ҳушдор дода буданд, ки идомаи маҳдудиятҳо, вазъияти инсонӣ дар Ғаззаро вахимтар мекунад ва ҷони ҳазорон кӯдак дар маърази хатари ҷиддӣ қарор дорад.

Созмони имдод ва корёбӣ барои паноҳандагони фаластинӣ  низ гузориш дода буд, ки ҳудуди 20 000 тан дар Ғазза ба нигоҳубини пизишкии фаврӣ ниёз доранд.

Мақомоти тандурустии Ғазза низ эълом карда буданд ҳазорон кӯдак ва бузургсоли фаластинӣ, ки ниёз ба нигоҳубини пизишкӣ доранд, умедворанд аз тариқи ин марз аз Ғазза хориҷ шаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.