Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Зеленский эҳтимоли баргузории интихоботро рад кард
Президенти Украина гузоришҳоро, ки гӯё қасд дорад дар солгарди оғози ҷанг дар 24-уми феврал баргузории интихоботро эълом кунад, рад кард.
Ба гузориши рӯзномаи “Индипендент”, ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин навишт: “Ҳатто агар қасд ё гомҳои қатъӣ барои ҷило андохтани бархе интихобот вуҷуд дошта бошад, муътақидам истифода аз чунин таърихе барои суҳбат дар бораи сиёсат, комилан идеяе аҳмақона хоҳад буд”.
Бо ин ҳол, ӯ дар гуфтугӯ бо хабарнигорон изҳор дошт: “Аммо қатъан мо барои интихобот омодаем. Гуфтаам, ки анҷоми он бисёр сода аст: оташбас барқарор шавад, интихобот баргузор хоҳад шуд. Ин мавзуе вобаста бо амният аст”.
Зеленский дар соли 2019 бо аксарияти овозҳо интихоб шуд ва бар асоси Қонуни асосӣ, то замоне ки Украина дар вазъияти ҷангӣ қарор дорад, наметавонад интихоботи ҷадид баргузор кунад.
Гузоришҳое аз барномаи эҳтимолии ӯ барои эъломи интихобот дар ин моҳ хабар медоданд, ки зоҳиран дар вокуниш ба фишорҳои Амрико ва иддаоҳои Кремл ва Кохи Сафед матраҳ шудаанд.
Ба гузориши расонаҳо президенти Русия 21-уми феврали 2022 бо интиқод аз бетаваҷҷуҳии Ғарб ба нигарониҳои амниятии Маскав, истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро дар минтақаи Донбасс ба расмият шинохт.
Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар посух ба ин иқдоми Русия то кунун таҳримҳои густурдаеро алайҳи Маскав эъмол ва миллиардҳо доллар таслиҳот ва таҷҳизоти низомӣ ба Киев ирсол кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”