Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Вазири дифои Покистон: “Аз ҳокимият ва истиқлоли Эрон ба сароҳат ҳимоят мекунем”
Вазири дифои Покистон дар изҳороте таъкид кард, ки ҳокимияти миллӣ, истиқлол ва амнияти Эрон барои мо ҳаммонанди ҳокимият ва истиқлоли Покистон аст ва Исломобод ба ҳамбастагӣ ва ҳимояти ҳамаҷонибаи худ аз Теҳрон идома хоҳад дод.
Ба гузориши расонаҳо Хоҷа Муҳаммад Осиф дар изҳороте дар шабакаи покистонии “Ҳам Нюз” дар Исломобод дар вокуниш ба ҳар гуна сар задани ҷанг дар минтақа чунин изҳори назар кард: “Эрон ҳамсояи наздик ва кишвари бародари мо аст, ки собиқаи равобити ду кишвар на фақат чандин даҳа, балки ба қарнҳои пеш бозмегардад”.
Вай таъкид кард: “Ҳамбастагӣ ва ҳимояти мо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон воқеӣ ва бо сароҳати комил аст”.
Вазири дифои Покистон афзуд: “Амният, истиқлол ва ҳокимияти миллии Эрон ончунон барои мо аҳамият дорад, ки ҳокимият, истиқлол ва амнияти Покистон барои мо муҳим аст”.
Осиф Алӣ Зардорӣ бо таъкид бар аҳамияти равобити Эрон ва Покистон гуфта, ки Теҳрон шарики муҳимми Исломобод аст ва ҳарду кишвар ҳамгироии ҷиддӣ барои густариши робитаҳои дуҷониба доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад