Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
1134 ҳолат бештар. Афзоиши ҷинояткорӣ дар кишвар давоми соли гузашта
Тибқи иттилои Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2025 дар ҷумҳурӣ 23 ҳазору 448 ҷиноят сабт шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 1134 ҳолат бештар аст.
Зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, ки имрӯз, 12-уми феврал доир гашт, иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 74 одамкушӣ ва сӯиқасд, 32 роҳзанӣ, 107 ғоратгарӣ, 49 таҷовуз ба номус, 119 қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 1559 авбошӣ, 9 одамрабоӣ, 26 ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва тайёр кардани силоҳ, 56 тамаъҷӯӣ, 905 муомилот, ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор, 3857 қаллобӣ ва 3902 дуздӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин, дар нишасти хабарӣ махсус таъкид гардид, ки давоми соли гузашта 37 ҳолати муноқиша бо истифодаи корд миёни ҷавонону ноболиғон қайд шудааст, ки аз ин шумора 16 ҳолат гурӯҳӣ будаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”