Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
«Калом дар роҳ». Тоҷикистону Эрон филми муштарак месозанд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад, ки Тоҷикистону Эрон филми муштараке бо номи «Калом дар роҳ» таҳия мекунанд.
Манбаъ меафзояд, ки дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи синамо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо намояндагони ширкати синамоии Эрон «Itoksima» мулоқот намуда, роҳандозии таҳияи филмҳои муштараки ҳунарӣ ва таърихиро баррасӣ карданд.
Дар дидори мазкур, аз оғози таҳияи филми бадеии муштарак бо номи «Калом дар роҳ» гуфтанд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки ҷонибҳо оид ба офаридани филмҳо дар бораи шахсиятҳои барҷастаи тоҷику форс, аз он ҷумла, Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хисрав ва дигарон изҳори андеша намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”