27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
12.02.2026 10:12

Бепаноҳ ва бесадо. Паноҳҷӯёни Афғонистон зери теғи бераҳми Покистон ва Эрон

Пас аз тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон, ҳазорон шаҳрванде, ки бо ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ карда ё дар ниҳодҳои маданӣ ва ҳуқуқи башарӣ фаъолият доштанд, маҷбур ба тарки кишвар шудаанд. Онҳо ба далели таъхир дар раванди расидагӣ ба парвандаҳояшон дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Эрон ва Покистон дармондаанд ва дар вазъияти бисёр душворе қарор доранд. Полиси Покистон шабонарӯзӣ ба хонаҳои паноҳҷӯён юриш мебарад, дарвозаҳои ононро мешиканад. Паноҳҷӯёни Афғонистон дар Покистон мегӯянд, ки дар рӯзҳои ахир раванди боздошт ва ихроҷи иҷборӣ ташдид шуда ва ҳама дар маърази хатари бозгашти иҷборӣ ва таҳдиди шиканҷа ва интиқомҷӯии Толибон қарор доранд. Ҳамчунин, паноҳҷӯён дар Эрон ҳамзамон таҳти фишори мардум ва ҳукумати ин кишвар қарор доранд. Давлати Эрон паноҳҷӯёнро ба иттиҳоми ширкат дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ боздошт мекунад ва мардум низ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо давлат, даст ба озору азияти паноҳҷӯён мезананд. Ин иқдомот вазъияти паноҳҷӯёни Афғонистон дар Эронро башиддат душвор сохтааст.

Паноҳҷӯёни Афғонистон дар Покистон аз ташдиди бозҷӯӣ ва боздошт тавассути полиси ин кишвар башиддат изҳори нигаронӣ карда ва мегӯянд, ки ба далели таҳдидҳои Толибон ва хатари кушта шудан аз сӯи ин гурӯҳ ба Покистон паноҳ бурдаанд, аммо акнун дар маърази боздошт ва ихроҷи иҷборӣ ва ҳамчунин, шиканҷа тавассути полис қарор доранд. Ба гуфтаи онон, полис бо ҳамла ба хонаҳои паноҳҷӯён, дарвозаҳои ононро мешиканад, ки муҷиби тарс ва ваҳшати занон ва кӯдакон низ шудааст.

Беҳрод (мустаор), яке аз хабарнигорони бадарғашуда ба Покистон, мегӯяд: “Дар минтақае, ки мо зиндагонӣ мекунем, дар камтар аз як ҳафта се бор полис омада ва амалиёт анҷом додааст. Тафтиши хона ба хона ба таври давомдор ҷараён дорад ва дарвозаҳоро боз мекунанд”.

Ин хабарнигор меафзояд: “Рӯзи панҷшанбе ба хотири тарс аз шикастани дарвоза, аз хона берун шудем. Вақте аср баргаштам, дарвоза боз буд ва чароғҳо равшан буданд. Поёни блок рафтам ва дидам, ки як мошини полис истодааст. Полисҳо хонаҳоро тафтиш карда буданд. Ду рӯз шуд, ки ба далели тарс аз ҳузури полис, шабҳоро дар парк сипарӣ мекунам. Мушкили дигар ин аст, ки додани виза мутаваққиф шудааст ва ҳарҷо тамос мегирам ё барои иҷора муроҷиат мекунам, хона иҷора намедиҳанд ва дар шароити бисёр сахте қарор дорам”.

Ин дар ҳоле аст, ки бисёре аз паноҳҷӯён, замоне ки ба паноҳгоҳи ихроҷи иҷборӣ - “Ҳоҷӣ кемп” мунтақил мешаванд, аз вазъияти бади саломатӣ дар ин паноҳгоҳ башиддат изҳори нигаронӣ карда ва мегӯянд, ки бархе афрод бо вуҷуди доштани баргаи хуруҷӣ (эгзит) низ боздошт ва ихроҷ шудаанд. Ба гуфтаи паноҳҷӯён, полиси Покистон касонеро, ки дорои ҳуҷҷати хуруҷӣ ҳастанд, дар ҳолати дарёфти пули зиёд озод мекунад ва дар сурати надодани ришва, бо вуҷуди баргаи хуруҷӣ, ихроҷ мешаванд. Бархе аз паноҳҷӯёне, ки Покистонро тарк кардаанд, ба рӯзномаи “8-и субҳ” таъйид мекунанд, ки замоне ки қасди хуруҷ аз майдони ҳавоии Исломободро бо ҳуҷҷатҳои қонунӣ доштанд, бо мавонеъ ва мушкилоти зиёде мувоҷеҳ шудаанд.

Ҳамзамон, наворҳои тасвирӣ аз шикастани дарвозаи хонаҳои паноҳҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда, ки нишон медиҳад полиси ин кишвар бо ҳамла ба хонаҳо дарвозаҳоро шикастааст.

Паноҳҷӯёни Афғонистон дар Эрон низ вазъияти худро бисёр душвор ва вахим тавсиф мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки илова бар таҳаммули маҳдудиятҳои шадид, ҳамзамон бо фишори мардум ва давлати ин кишвар дасту панҷа нарм мекунанд. Ба гуфтаи онон, пас аз эътирозҳои ахир дар Эрон, паноҳҷӯён мавриди шакки давлат ва мардум қарор гирифтаанд ва дар миёни ду фишори шадид гирифтор шудаанд.

Афшид (мустаор), яке аз хабарнигорони мусофири Афғонистон дар Эрон, мегӯяд: “Вазъияти паноҳҷӯён дар Эрон нисбат ба гузашта шиканандатар шуда ва бо маҳдудиятҳои бисёр зиёде ҳамроҳ аст. Ба вижа пас аз эътирозҳое, ки ахиран анҷом шуд, вазъият башиддат бад шудааст ва дар ҳоле ки паноҳҷӯён ҳеч нақше дар ин эътирозот надоштаанд, ҳам аз сӯи мардум ва ҳам аз сӯи давлати Эрон таҳти фишори шадид қарор доранд. Паноҳҷӯёнро ҳатто бо доштани ҳуҷҷати иқомат боздошт ва ба урдугоҳҳо интиқол медиҳанд ва дар он ҷо бо пардохти пул раҳо мекунанд ва шумори дигарро аз марз берун мекунанд”.

Ин хабарнигор меафзояд: “Вазъияти хабарнигорон, фаъолони ҳуқуқи башар ва занони муътариз нисбат ба дигар паноҳҷӯён бадтар аст ва то кунун ҳеч ниҳоде садои ононро нашунидааст. Ҳар рӯз вазъият буҳронитар мешавад ва бо маҳдудиятҳои густардатаре рӯбарӯ ҳастанд. Агар ҳуҷҷатҳои онон сабт нашуда бошад, моликони хонаҳо васоилшонро ба шакли бераҳмона ба берун меандозанд ва ононро аз хона ихроҷ мекунанд”.

Ин паноҳҷӯ таъкид мекунад, ки пас аз эътирозҳо, маҳдудиятҳои шадиде бар паноҳҷӯён ҷорӣ шудааст ва дар ҳоли ҳозир онон аз ҳаққи гирифтани симкорт маҳрум шудаанд. Ҳамчунин, давлати Эрон касонеро, ки барои таъмини ниёзҳои зарурӣ аз хона берун рафта будаанд, бо истифода аз дурбинҳои амниятӣ контрол карда ва боздошт кардааст, ҳатто агар ҳеч нақше дар тазоҳурот надошта бошанд. Барои раҳоии онон, илова бар исботи бегуноҳӣ, моликони хонаро гаравгон мегиранд ва танҳо пас аз он афрод озод мешаванд: иқдоме, ки паноҳҷӯён қодир ба анҷоми он нестанд.

Паноҳҷӯёни дармонда дар Эрон ва Покистон мегӯянд, ки аз сӯи кишварҳои ғарбӣ, ки ваъдаи пазируфтан ба онон дода буданд, ба далели зиёд дармондан дигар пазируфт намешаванд. Онҳо хостори тасреи раванди расидагӣ ба парвандаҳояшон аз сӯи ин кишварҳо ҳастанд ва таъкид мекунанд, ки роҳи бозгашт ба Афғонистонро надоранд ва дар сурати ихроҷи иҷборӣ тавассути Толибон, боздошт шуда ва ба қатл хоҳанд расид. Бисёре аз низомиёни пешин, хабарнигорон ва фаъолони ҳуқуқи башар ва ҷомеаи маданӣ дар беш аз чаҳор соли гузашта пас аз бозгардонида шудани иҷборӣ ба Афғонистон тавассути Толибон, боздошт шуда ва дар бархе маворид ба қатл расидаанд.

Пештар Созмони Милали Муттаҳид низ таъйид кардааст, ки Толибон бархе аз муҳоҷирони ихроҷшуда аз Эрон ва Покистонро ба далели пешинаи корияшон боздошт ва шиканҷа мекунанд ва бархе маҷбур мешаванд ба сурати махфиёна зиндагонӣ кунанд. Дар гузориш омадааст, ки Созмони Милал пас аз мусоҳиба бо даҳҳо муҳоҷири бозгашта аз Эрон ва Покистон, дарёфтааст, ки онҳо ба далели вижагиҳои хоси худ “нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар”-ро таҷриба кардаанд. Ин созмон афзудааст, ки ин паймолкунии ҳуқуқи башарӣ шомили “шиканҷа ва бадрафторӣ, дастгирӣ ва тавқифи худсарона ва таҳдид ба амнияти фардӣ” аз сӯи Толибон мешавад.

Покистон ва Эрон ҳаргоҳ норизоятиҳои дохилӣ аз давлатҳои ин кишварҳо афзоиш ёбад ё ноамнӣ дар ин ду кишвар шиддат пайдо кунад, фишорҳо бар паноҳҷӯёнро ташдид мекунанд. Ҳамчунин, Покистон пас аз таниш бо Толибон, раванди ихроҷи иҷбории паноҳҷӯёнро шиддат бахшидааст.

Амини Кова

бознашр аз “8-и субҳ”

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.