Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Салом алейкум, бамаззахӯракҳо”. Чӣ гуна муаллифи ин ҷумла пуле миёни ошхонаҳо ва мардум шуд?
Баҳодур Табаров дар фазои маҷозӣ, махсусан дар Инстаграм бо тахаллуси “Tajikdomod” ва ҷумлаи “Салом алейкум, бамаззахӯракҳо” маъруф аст. Муҳтавои наворҳояш дар Инстаграм аҷиб аст. Ба ошхонаву тарабхонаҳои гуногун рафта, хӯрокҳои онҳоро тановул мекунад ва ба мардум чӣ гуна будани маззаашонро мегӯяд. Мавсуф ин корро чунон бошавқ ва завқи зиёд анҷом медиҳад, ки баробари ҳар наворашро дидан, ҳатто одами сер ҳам мехоҳад хӯроке бихӯрад. Ҳоло саҳифаашро дар Инстаграм зиёда аз 60 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд.
Dialog.tj бо Баҳодур Табаров доир ба пешбурди саҳифааш дар Инстаграм ва бархе масъалаҳои блогинг суҳбат кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.
- Ҷумлаи “Салом алейкум, бамаззахӯракҳо” чӣ гуна пайдо шуд?
- Ин ҷумла худ ба худ пайдо шуд. Ман ҳамеша мехостам, ки саломам ба тамошобинон гарм, самимӣ ва хотирмон бошад. Азбаски блоги ман дар бораи хӯрокҳои болаззат аст, калимаи “бамаззахуракҳо” мувофиқ омад. Вақте ки бори аввал ҳамин тавр салом додам, ба мардум бисёр писанд омад ва тадриҷан ба бренди шахсиам табдил ёфт.
- Шумо аз кай “бамаззахӯрак” шудед ва блогериро оғоз кардед?
- Ман блогериро аз муҳаббат ба хӯрок ва муошират бо мардум оғоз кардам. Аввал танҳо барои шавқ навор мегирифтам, баъд дидам, ки мардум воқеан ба фикру тавсияҳои ман бовар мекунанд. Ҳамин тавр, “бамаззахурак” на танҳо лақаб, балки як услуби зиндагӣ шуд.
- Дар Инстаграм тахаллуси шумо “Tajikdomod” аст, бигӯед, ин чӣ гуна пайдо шуд?
- Ҳамеша мехостам номам тоҷикона, хотирмон ва фарқкунанда бошад. Домод дар фарҳанги мо рамзи эҳтиром, шодӣ ва меҳмоннавозӣ аст. Ҳамин тавр, “Tajikdomod” ба як никнейми шинохта табдил ёфт.
- Чӣ гуна ба фикри сохтани чунин блог омадед?
- Ман пай бурдам, ки бисёр одамон намедонанд дар куҷо хӯроки хуб ҳаст, нархҳо чӣ гунаанд ва воқеан таъмаш чӣ хел аст. Хостам байни ошхона ва мардум пуле бошам. Ростқавлона бичашам, фикрамро гӯям ва ба ҷойҳои хубро ба мардум тавсия диҳам. Пешбурди блог барои ман на танҳо кор, балки рисолат аст.
- Ҳамкориҳоятон бо ошхонаҳо чӣ гуна сурат мегиранд?
- Аксар вақт худи соҳибкорон ба ман менависанд, баъзан ман худам ҷойи ҷолибро мебинам ва меравам. Ман ҳамеша шарт мегузорам, ки ростқавлона навор мегирам. Агар чизи хуб бошад, мегӯям, агар дар сатҳу сифат беҳбудӣ лозим бошад, онро ҳам бо эҳтиром мегӯям.
- Оё ҳолате шудааст, ки хӯрок маъқул нашавад, вале дар навор бомазза аст, гуфта бошед?
- Кӯшиш мекунам ҳеҷ гоҳ мардумро фиреб надиҳам. Агар чизе писанд набошад, ё навор намегузорам, ё хеле нарм ва бо эҳтиром ишора мекунам, ки чандон хуб нест. Эътимоди аудитория барои ман аз ҳама муҳим аст.
- Як наворро дар чанд вақт омода мекунед?
- Аз наворгирӣ то танзим ва нашр одатан чанд соат ё як рӯз вақтро мегирад. Баъзан агар лоиҳа калон бошад, вақти бештар меравад. Ман кӯшиш мекунам, ки сифатро аз суръат боло гузорам.
- Дар ошхонаҳо назди шумо хӯроки зиёд мегузоранд. Оё ҳамаи хӯрокҳоро мехӯред?
- Албатта, не. Асосан мечашам, маззаро мефаҳмам ва бо гурӯҳам ё дӯстонам тақсим мекунем, то исроф нашавад.
- Кӣ ба шумо дар суханронӣ, наворбардорӣ ва монтаж кумак мекунад?
- Ростӣ, бештари корро худам мекунам. Сенария дар сарам пайдо мешаваду суханонам аз дил мебароянд. Наворгирӣ бошад, баъзан худам, баъзан бо ёрии наздикон ё ҳамкорон анҷом дода мешавад. Танзимро ё худам мекунам ё гурӯҳи хурде, ки бо онҳо кайҳо ҳамдигарро мефаҳмем, анҷом медиҳанд. Дар кор ҳеҷ гоҳ интизор намешавам, ки касе ҳама чизро тайёр кунад, балки худам оғоз кунам.
- Оё шумо дар блогинг рақиб доред?
- Ман блогингро ҳамчун рақобат намебинам. Ҳар кас роҳи худро дорад. Ман худро бо касе муқоиса намекунам. Имрӯз кӯшиш мекунам, то ки аз дирӯз беҳтар бошам. Дар самти дегустатсия ҳар кас метавонад видео гирад, лекин эҳсос, энергия ва ростқавлӣ нусхабардорӣ намешавад. Ин чизест, ки ман фарқ мекунам.
- Хӯрокҳои зиёдро медонеду хӯрдаед, топ-3 хӯроки дӯстдоштаатон кадомҳоянд?
- Ош, (хусусан бо гӯшти барра), манту ё самбӯсаи хонагӣ ва казан-кабоб. Дар умум, хӯрокҳои миллӣ ва таоми бо дил пухташударо дӯст медорам.
- Дар саҳифаатон меъёри нашри навор доред?
- Қоидаи сахт надорам, лекин кӯшиш мекунам мунтазам наворҳои ҷолибро нашр кунам. Баъзан ҳафтае 3-4 навор, баъзан бештар. Барои ман сифат муҳимтар аз шумора аст, барои ҳамин кӯшиш мекунам наворҳои босифат ва ростқавлона таҳия намоям.
- Баъзан худатон ҳам хӯрок омода мекунед ва аз раванди кор навор нашр менамоед. Бигӯед, ки онҳо муаллифӣ ҳастанд?
- Баъзеи онҳо идеяи худам аст, баъзеи дигар аз дастурамалҳои мавҷуда, лекин ҳамеша бо услуби худ тайёр мекунам. Ман пурра нусхабардорӣ намекунам, балки ба завқи худ ва мардум мутобиқ мекунам.
- Ба фикри шумо, имрӯз фазои блогинги тоҷик чӣ гуна аст?
- Рушд дорад! Мардум фаъол шудаанд, ҷавонон ҷуръат доранд, идеяҳо зиёданд. Лекин ҳоло ҳам бисёр чиз сатҳӣ аст. Тавоноӣ зиёд аст, вале кори бомаром ва нақшаҳои бузург ҳоло каманд.
- Мушкилии асосии блогинги тоҷик чист?
- Набудани система. Бисёрҳо мехоҳанд зуд машҳур шаванд, лекин сабр надоранд. Камбуди дониш дар маркетинг, брендсозӣ ва контенти босифат ҳам ҳаст. Ва боз, баъзан ҳасад бештар аз дастгирист.
- Ба андешаи шумо, блогери ҳақиқӣ кист?
- Блогери ҳақиқӣ касест, ки ростқавл аст, ба мардум дурӯғ намегӯяд, доим рушд мекунад, танҳо “лайк” не, балки таъсир ба афкор мехоҳад ва аз ҳама муҳим сохтакорӣ намекунад.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”