27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
12.02.2026 07:54

Вазири дифои Олмон: “Украина имсол ба 60 миллиард евро кумаки хориҷӣ ниёз дорад”

Борис Писториус, вазири дифои Олмон, дар ҳошияи нишасти Вазирони дифои Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел эълом кард, ки Украина барои таъмини ниёзҳои худ дар соли ҷорӣ (2026) ба 60 миллиард евро кумаки хориҷӣ ниёз дорад.

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, Писториус дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо баёни ин ки Украина танҳо барои таъмини ниёзҳояш дар соли 2026 ба 60 миллиард евро ҳимояти хориҷӣ ниёз дорад, гуфт: “Бинобар ин, ҳар як миллиард евро, чӣ аз манобеи миллӣ ва чӣ аврупоӣ, аҳамияти зиёде дорад”.

Ӯ ҳамчунин, бо ишора ба нигаронии бархе аъзои Иттиҳоди Аврупо, ки мумкин аст кумакҳои мустақими кишварҳои узв ба Киевро коҳиш диҳад, афзуд: “Ин нигарониҳо қобили дарк аст, аммо мо илова бар кумакҳои мустақими кишварҳо ба Киев, ба манобеи молии Иттиҳоди Аврупо барои анҷоми ин кор низ ниёз дорем ва бидуни таъмини буҷаи бештар, ҳимоят аз Украина мумкин нест”.

Ба гузориши расонаҳо Парлумони Аврупо қаблан тайи як раъйгирӣ бо тасвиби гранти 90 миллиард евро (107 миллиард доллар) барои Украина, бахши умдаи ниёзҳои буҷавӣ ва низомии ин кишварро барои ду соли оянда таъмин карда буд: тасмиме, ки ҳамзамон бо наздик шудан ба чаҳорумин солгарди ҷанги Русия гирифта шуд.

Раъйгирӣ дар бораи ироаи гранти 90 миллиард евроӣ ба Украина, пештар дар 19-уми декабри соли 2025 мавриди тавофуқи сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо қарор гирифта буд, марҳилаи охири раванди тасвиби ин бастаи молӣ аст ва акнун интизор меравад Шурои Аврупо ин тасмимро расман таъйид кунад, то пардохтҳо аз моҳи апрел оғоз шавад.

Шурои Иттиҳоди Аврупо пештар бо ниҳоӣ кардани мавқеи худ дар бораи чаҳорчӯби қонунии кумаки 90 миллиард евроӣ ба Украина, масири пардохти нахустин бахш аз ин ҳимояти молиро аз аввалҳои семоҳаи дувуми соли ҷорӣ ҳамвор карда буд.

Шурои Иттиҳоди Аврупо бо судури баёнияе эълом кард, ки бар сари мавқеи худ дар бораи муқаррароти иҷроии тавофуқи сарони Иттиҳоди Аврупо барои ироаи кумаки 90 миллиард евроӣ ба Украина дар солҳои 2026 ва 2027  ба ҷамъбандӣ расида ва ҳадафаш дастёбии сареъ ба тавофуқ бо Парлумони Аврупо аст, то нахустин пардохтҳо дар ибтидои семоҳаи дувуми соли ҷорӣ анҷом шавад.

Бар асоси ин чаҳорчӯб, гранти ёдшуда барои пӯшиши “ниёзҳои фаврии таъмини молӣ”-и Украина дар идомаи ҷанги Русия ва ба таври мушаххас барои пуштибонӣ аз буҷаи умумӣ ва ниёзҳои дифоии ин кишвар тарҳрезӣ шудааст.

Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 21-уми феврали соли 2022  бо интиқод аз бетаваҷҷуҳии Ғарб ба нигарониҳои амниятии Маскав, истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро дар минтақаи Донбасс ба расмият шинохт.

Се рӯз пас аз он, Путин амалиёти низомие, ки онро “амалиёти вижа” номид, алайҳи Украина оғоз кард ва ба ин тартиб равобити пуртаниши Маскав - Киев ба рӯёрӯии низомӣ тағйири вазъият дод ва ин ҷанг то ҳанӯз ба таври ваҳшатнок идома дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.