Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Жило Гулназарзода: Китоби Президенти Тоҷикистон бо 4 забон тарҷума шуд
Тарҷумаи китоби " Забони миллат-ҳастии миллат"-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷилди аввал бо 4 забон-фаронсавӣ, куриёӣ, ҳиндӣ ва арабӣ омода ва чоп гардид, ки ин дастоварди бузурги натанҳо донишгоҳ, балки мардуми шарафманди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Жило Гулназарзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба рӯзноманигорон аз ин дастоварди донишгоҳ хабар дод.
"Дар баробари тарҷума намудани ин шоҳасар ва таърихномаи забони тоҷикӣ ба мардуми ҷаҳон таърихи беш аз 6 ҳазор сола доштани забони тоҷикиро муаррифӣ намуд, гуфт Жило Гулназарзода, ректори Донишгоҳи мазкур.
Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» аввалин китобе маҳсуб меёбад, ки таърихи тайкардаи забони тоҷикиро аз қаъри таърих то қарни мо дарбар гирифта, аз муқаддима, шаш боб, зерфаслҳо ва хулосаву китобнома иборат аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”