Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҷаббор Носирзода: 34 саг безарар карда шуд. Раиси шаҳри Ҳисор ҳуҷуми сагҳоро шарҳ дод
Имрӯз, 4 феврали соли 2026 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, натиҷаи ҷамъбасти соли 2025-ро Ҷаббор Носирзода раиси шаҳри Ҳисор пешниҳоди аъзои ҳукумат ва рӯзноманигорон намуд.
Яке аз масъалаҳои матраҳгардида дар нишасти матбуотӣ, ки аз ҷониби рӯзноманигорон пурсида шуд, ҳолатҳои ҳуҷуми саг дар дараи Алмосӣ ва деҳаи Гулхании шаҳри Ҳисор рухдода буд. Ду ҳодисаи газидани саг дар ин шаҳр, давоми соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.
Ҷаббор Носирзода оид ба ин масъала қайд намуд, ки дар натиҷаҳои корҳои амалишуда барои бехатарии аҳолӣ аз сагҳои дайду 34 саг безарар карда шуданд.
" Ин ҳодисаи нангин дар деҳаи Алмосӣ ва дар ҷамоати деҳоти Ҳисор рух дода буд. Кормандони тиб ёрии аввалини худро расониданд. Хушбахтона талафоти ҷонӣ набуд, илова кард раиси шаҳри Ҳисор.
Вай сабаби пайдо шудани сангҳои дайдуро дар риоя накарданӣ қоидаҳои партовҷамъкунӣ аз ҷониби сокинон гуфта, аз он нигаронӣ намуд, ки асосан сагҳо дар гирду атрофи партовҳо ҷамъ мешаванд ва мо ҳамин шабурӯз ба хотири бехатарии аҳолӣ аз сангҳо 34 саг безарар гардонида шуданд.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”