27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
11.02.2026 13:44

Абдураҳмон Абдураҳмонзода: Ба истифодабарандагони панелҳои офтобӣ имтиёзҳои калон дода мешавад

"Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид кардани панелҳои офтобӣ, бахусус барои аҳолӣ, корхонаҳо ва дигарон имтиёзҳо дода шудааст".

Ин нуктаро Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳодаш ироа намуд.

Вазир вобаста ба мавзуъ илова намуд, ки панелҳои офтобӣ тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе корҳои сохтмонӣ дар вилояти Хатлон ва Суғд барои 500 МВт оғоз гардидаад,  ки 250 МВт дар ноҳияи Ҷайҳун ва 250 МВт дар ноҳияи Ашт оғоз гардидаанд.

Тибқи иттилои Вазорат то соли 2027 Ҳукумати кишвар нақша дорад, ки ин нишондиҳандаҳо ба 1500 МВт расонад.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода қайд кард, ки барои истифодабарандагони панелҳои офтобӣ хоҳ дар хонаҳои истиқоматӣ бошад ё корхонаҳо имтиёзҳо дар шакли пурра аз пардохтҳои боҷҳои давлатӣ озод карда шуда,  метавонанд аҳолӣ  истифода баранд ва барқи боқимондаро ба дигар самтҳо ба фурӯш гузорад. Ин имтиёзҳо барои сарфаҷӯии нерӯи барқ таъмин кардани аҳолӣ бо шароити хуби онҳо пешбинӣ шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.