27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
11.02.2026 12:07

Узви Конгресси Амрико: “Қазияи Эпштейн шояд поёни салтанат дар Бритониё бошад”

Ро Ханна, намояндаи Конгресси Амрико ва узви кумитаи таҳқиқи ин ниҳоди қонунгузор гуфт, агар мушаххас шавад, ки аъзои Қасри Бакингем дар “парвандаи Эпштейн” дохил будаанд, шояд ин поёни салтанат бошад.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи “Скай Нюз” (Sky News), Ханна ба унвони узви Кумитаи таҳқиқи Конгресси Иёлоти Муттаҳида дар мавриди расвоии Эпштейн ба ин шабакаи хабарии англисӣ гуфт, ки шоҳ Чарлз ва малика Камила бояд ба пурсишҳое дар бораи Эндрю Маунтбаттен-Виндзор посух диҳанд.

Ин намояндаи демократии Конгресс, ки аз ҷумла аъзои ворид дар таҳқиқ дар бораи моҷарои расвоии Ҷеффри Эпштейн аст, гуфт: “Шояд ин поёни салтанат бошад”. Вай афзуд: “Ман фикр мекунам салтанати Бритониё ҳаргиз то ба ин андоза осебпазир набудааст”.

Ханна ҳамчунин, аз ҷумлаи намояндагоне аст, ки ҳомии шаффофсозӣ дар бораи парвандаҳои Эпштейн ва қонуне аст, ки дар ниҳоят мунҷар ба интишори он шуд.

Вай дар гуфтугӯ бо “Скай Нюз” дар хусуси посухгӯии шоҳ ва маликаи Бритониё хотирнишон кард: “Агар онҳо посухе надошта бошанд, агар дар парвандаи Эпштейн даргир бошанд, чеҳраи хубе барои салтанати Бритониё нест. Подшоҳ бояд ба ончи дар бораи Эндрю медонист, посух диҳад ва фақат бозпасгирии унвон аз Эндрю кофӣ нест”.

Узви Конгресси Амрико идома дод: “Эндрю бояд дар кумитаи мо ҳозир шавад ва ба саволҳо посух диҳад. Фикр мекунам муҷозоти муносиб ин нест, ки дигар шоҳзода набошӣ. Бояд чизе беш аз ин бошад. Онҳо бояд посух диҳанд. Ман расми бритониёиҳоро намефаҳмам, ки касе аз малика саволе бипурсад ва малика аз ин ки аз ӯ саволе пурсида мешавад, озурдахотир мешавад? Манзур ин аст ки, бас кунед. Ӯ ҳамон либосҳоро мепӯшад, ҳамон ғизоро мехӯрад, ӯ танҳо як инсон аст, ӯ бояд ба ҳамон саволҳо посух диҳад, ки ҳама мепурсанд”.

Ин расона ёдоварӣ мекунад, ки Эндрю Маунтбаттен-Виндзор то кунун иддаоҳои марбут ба дохил будан дар иттиҳомоти марбут ба ҷиноятҳои ҷинсӣ дар парвандаи Эпштейнро рад карда ва ҳеч нишонае ҳам вуҷуд надорад, ки хонаводаи салтанатӣ бо Эпштейн дар иртибот будаанд. Аммо бар асоси санадҳои мавҷуд, Эпштейн ба унвони як кӯдакозор ба Қасри Бакингем даъват шуда ва аз “амлоки Балморал” низ боздид кардааст. Аз Гайзлейн Максвелл, ҳамдасти Эпштейн ва қочоқчии ҷинсии маҳкум, низ дар Сандрингем ҳамроҳ бо Эндрю акс гирифта шудааст.

Жасмин Крокетт, дигар намояндаи Конгресс ва яке аз аъзои демократи Кумитаи таҳқиқ низ вазъияти пеши рӯ дар мавриди доахил будани аъзои Қасри Бакингем дар парвандаи Эпштейнро як “тори бисёр дарҳам танида” тавсиф кард ва гуфт: “Масъала ин аст, ки мо ба далелҳо нигоҳ мекунем ва саъй мекунем бибинем чӣ касе дар ин моҷаро дохил аст. Тори бисёр дарҳам танида аст”.

Вай афзуд: “Ба назари ман мо бояд бо ҳар касе суҳбат кунем, ҳатто агар ин ба маънои он бошад, ки то сатҳҳои боло пеш равем”.

Аз сӯи дигар, Қасри Бакингем дар баёнияе эълом кардааст, ки подшоҳи Бритониё “нигаронии амиқ”-и худро дар бораи иддаоҳои перомуни Эндрю иброз карда ва таъкид кардааст: “Агар пулиси Темз Вэлли (Thames Valley Police) бо мо тамос бигирад, ҳамон гуна ки интизор доред, омодаи ҳамкорӣ ва ҳимоят хоҳем буд”.

Ба гузориши расонаҳо, Шоҳи Англия дирӯз дар ҷараёни ҳузури умумӣ дар шаҳри Клитероу дар шимолу ғарби ин кишвар ва ҳангоми вуруд ба истгоҳи қатора, бо фарёди яке аз ҳозирон рӯбарӯ шуд, ки пурсид: “Аз чӣ замон дар бораи Эндрю медонистӣ?” Ин тайи чанд рӯзи ахир дувумин бор аст, ки дар як маросими умумӣ, пурсишҳое дар бораи нақши подшоҳ дар парвандаи бародараш аз миёни ҷамъият матраҳ мешавад. Ӯ чанде пеш низ дар ҷараёни як барномаи умумии дигар дар Эссекс бо эътирозоти мушобеҳ рӯбарӯ шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки мавҷи тозаи ифшогариҳо дар бораи парвандаи Эпштейн, бори дигар пои хонадони салтанатиро ба садри хабарҳо кашонда ва пурсишҳо дар бораи абъоди иртиботи бародари подшоҳ бо ин сармоядори амрикоии муттаҳам ба ҷиноятҳои ҷинсиро ташдид кардааст. Меҳвари ин ифшогариҳо, интишори паёмҳо ва аснодест, ки ба иртибототи Эндрю бо Эпштейн дар давраи фаъолияти расмии ӯ ба унвони намояндаи вижаи тиҷории Англис бозмегардад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.