Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нетаняҳу бо Уиткофф ва Кушнер дар Амрико дидор кард
Бинёмин Нетаняҳу, сарвазири Исроил дар сафар ба Вашингтон бо Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи Доналд Трамп дар умури сулҳ ва Ҷаред Кушнер, домоди президенти Амрико дидор ва дар бораи “музокирот бо Эрон” гуфтугӯ кард.
Ба гузориши расонаҳо Барак Равид, хабарнигори “Аксиос” субҳи имрӯз (чоршанбе) дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки ин дидор дар “Блэр Ҳаус” (Blair House - меҳмонсарои раёсати ҷумҳурии Амрико) дар Вашингтон анҷом шуд.
Дафтари Сарвазири Исроил низ дар баёнияе эълом кард, ки Уиткофф ва Кушнер дар бораи “даври аввали гуфтугӯҳои рӯзи ҷумъаи гузаштаашон бо Эрон” бо Нетаняҳу суҳбат карданд.
Қарор аст Нетаняҳу имрӯз - чоршанбе бо Марко Рубио, вазири корҳои хориҷаи Амрико низ дидор кунад. Пас аз он, вай дар Кохи сафед бо Доналд Трамп, президенти Амрико мулоқот хоҳад кард.
Даври ҷадиди гуфтугӯҳои ҳастаии Эрон ва Амрико рӯзи ҷумъа – 6-уми феврали 2026 дар Масқат бо миёнаравии Салтанати Уммон баргузор шуд.
Дар ин даври гуфтугӯҳо, ҳайатҳои музокиракунандаи Эрон ва Амрико маҷмуае аз назарҳо, мулоҳизаҳо ва рӯйкардҳои худро аз тариқи Бадр ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷаи Умон ба якдигар мунтақил карданд.
Тарафайн ин гуфтугӯҳоро “хуб” тавсиф карда ва барои тадовуми ин гуфтугӯҳо изҳори тамоюл карданд.
Трамп шаби рӯзи сешанбе дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо расонаи “Аксиос” гуфт, ки интизор дорад даври дувуми музокироти Иёлоти Муттаҳида ва Эрон ҳафтаи оянда баргузор шавад.
Вай дар остонаи дидор бо сарвазири Исроил муддаӣ шуд, ки фикр намекунад Нетаняҳу аз музокироти Иёлоти Муттаҳида ва Эрон нигарон бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”