Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тамғаи “Ҳалол”-и «PANTERA» бекор шуд. Огоҳии Тоҷикстандарт ба алоқамандони нӯшокиҳои энергетикҳо
Агентии Тоҷикстандарт иттилоъ медиҳад, ки сокинони кишвар аз истифодаи нӯшокии «PANTERA» худдорӣ кунанд.
Манбаъ бо нашри иттилоияе гуфт, ки дар асоси аудити инспексонии ғайринақшавии кормандони Агентии Тоҷикстандарт дар ҶДММ «Арк саноат» муайян карда шуд, ки дар раванди истеҳсолоти корхона одитарин қоидаҳои санитарӣ ва талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ риоя карда намешавад. Ҳамчунин, дар як раванди технологӣ ҳам истеҳсоли маҳсулоти ҳалол ва ҳам истеҳсоли нӯшокиҳои алкоголӣ ба роҳ монда шудааст.
“Тамғаи “Ҳалол”, ки ба маҳсулоти ин ширкат, яъне нӯшокиҳои рӯҳафзои «PANTERA» дода шуда буд, бекор гардид. Ҳамчунин, нисбат ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Агентии Тоҷикстандарт корбарӣ идома дорад”, - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин, Агентии Тоҷикстандарт аз фурӯшандагон ва соҳибкорон ҳушдор медиҳад, ки ба кӯдакону наврасон нӯшокиҳои рӯҳафзоро нафурӯшанд. Тибқи талабот танҳо ба шахсони аз 18-сола боло фурӯши ин гуна маҳсулот иҷозат дода шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”