Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Арманистон аз Амрико паҳпод харид
Сарвазири Арманистон эълом кард, ки ин кишвар аз Амрико паҳподҳои низомӣ харидааст.
Ба гузориши ТАСС, Никол Пашинян дар ҷараёни нишасти матбуотии муштарак бо Ҷей Ди Вэнс, муовини раисиҷумҳури Амрико, ки аз шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ пахш шуд, гуфт: “Пешрафтҳои чашмгире дар ҳамкориҳои низомӣ ва дифоӣ миёни Арманистон ва Амрико ҳосил шудааст”.
Вай афзуд: “Пас аз ҳамкориҳои доимии дуҷониба ва чандҷониба ва се соли размоишҳои низомии фаъол, Арманистон паҳподҳои модели “V-BAT”-ро аз Амрико харидааст. Таъсири ин паҳподҳо бо таҷрибаи густурдаи амалиётӣ собит шудааст ва ба тақвияти қобилиятҳои дифоии мо кумак хоҳанд кард”.
Ҷей Ди Вэнс дар як сафари дурӯза ба Арманистон сафар кардааст.
Ба гузориши расонаҳо, артиши Арманистон дар ҷараёни ҷанги дувуми Қарабоғ шикасти сангине аз артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон дид ва ба ҳамин далел мақомҳои ин кишвар дар пайи тақвияти ҳарчи бештари неруҳои мусаллаҳи худ иқдом кардаанд.
Ба ҳамин асос, Ереван қарордодҳое ба арзиши чанд миллион доллар барои хариди сомонаҳои тӯпхонаӣ, мушакҳои зиддитанк ва таҷҳизоти зидди паҳпод бо якчанд кишварҳо, аз ҷумла Ҳинд ба имзо расондааст.
Леонид Нарсисиян, таҳлилгари низомии арманӣ, гуфт: “Дар ҳоли ҳозир Ҳинд ба таъминкунандаи рақами яки таслиҳот ва муҳиммоти артиши Арманистон табдил шудааст”.
Русия аз дер боз таъминкунандаи аслии силоҳ ва муҳиммоти Арманистон будааст, аммо дар ҳоли ҳозир ба далели танишҳо дар равобити Ереван ва Маскав ва ҳамчунин, идомаи даргирии низомии Русия дар Украина, Ереван дар пайи таъмини таслиҳот ва муҳиммоти мавриди ниёзи артиши худ аз таъминкунандагони ҷойгузини Русия аст.
Diaog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”