27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Аз барномаи консертӣ то баргузории намоишгоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қатар
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар расман ифтитоҳ ёфт.
Манбаъ меафзояд, ки дар маросими мазкур вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён суханронӣ намуда, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатарро самараи сиёсати дурандешонаи роҳбарони олии кишварҳо арзёбӣ кард.
Гуфта мешавад, ки дар ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ иштирок намуда, ба фарҳангу санъати тоҷик аз наздик шинос шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар ансамбли созҳои миллӣ, гурӯҳҳои рақсии “Зебо” ва “Парасту” пешниҳод гардид.
Ҳамчунин, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишгоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар толори Вазорати фарҳанги Қатар намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, саноеи дастӣ, маҳсулоти гуногун, намоиши мусаввараву аксҳо, ки таъриху фараҳанг, урфу одат, дастовардҳои замони Истиқлол ва табиати зебои диёрамонро таҷассум менамоянд, ба намоиш гузошта шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”