Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Кадом дастаҳо дар қисми ниҳоии Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 иштирок мекунанд?
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медҳиҳад, пагоҳ, 10-уми феврал дар шаҳри Душанбе қисми ниҳоии Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 оғоз мешавад, ки маблағи умумии ҷоизаҳои он 100 000 сомониро ташкил медиҳад.
Имрӯз, 9-уми феврал маросими қуръакашии ҷадвали бозиҳои қисми ниҳоии Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 доир гашт.
Ҳамин тавр, ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ҳулбук» (Восеъ), «Рангон» (Рӯдакӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан) шомил гардиданд. Дар гурӯҳи «Б» бошад, дастаҳои «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Ҳосилот» (Фархор), «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) ва «Сардор» (Турсунзода) қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки аз 10-ум то 20-уми феврал бо иштироки ҳашт даста қисми ниҳоии Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 баргузор мегардад. Бозиҳо дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе ва инчунин, дар майдони сунъии варзишгоҳи КМВА сурат мегиранд.
Иттилоъ дода мешавад, ки мувофиқи низомномаи мусобиқа ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Финали Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”