27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
10.02.2026 06:05

Бори нахуст. Қариб 9 миллион нусха китоби дарсӣ чоп шуд

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2025-ум 95 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 6 миллиону 316 ҳазор нусха ба анбори китобҳои дарсӣ ворид гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар умум давоми соли гузашта ба анбори китобҳои дарсии вазорат 8 миллиону 681 ҳазору 310 нусха китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ ворид гардид, ки 94,8 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки соли сипаригардида 118 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 8 миллиону 51 ҳазор нусха аз озмуни чоп гузаштанд.

Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастхати 28 номгӯй китоби дарсӣ, 9 номгӯй дастури таълимию методӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 151 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба нашр тавсия гардидааст. Бори нахустин аст, ки қариб 9 миллион нусха китоби дарсӣ дар як сол чоп мешавад.

Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои дигари таълимӣ (гимназияву литсейҳо барои хонандагони болаёқат, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ) 7 миллиону 150 ҳазору 889 нусха китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ дастрас карда шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.