Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
СММ: Наслкушӣ дар Навори Ғазза ба поён нарасидааст
Франческа Албанезе, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башари сарзаминҳои ишғолии Фаластин, дар изҳороте таъкид кард, ки наслкушӣ дар Навори Ғазза идома дорад ва ба поён нарасидааст.
Ба гузориши субҳи имрӯзи шабакаи Фаластин “Ал-Ёум”, Албанезе гуфт: “Миллати Фаластин беш аз дигарон ба ин воқеият воқиф аст”.
Ӯ афзуд: “Бештари кишварҳои ҷаҳон на танҳо барои таваққуфи ин наслкушӣ коре накарданд, балки аз Исроил пуштибонии сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ карданд”.
Албанезе гуфт: “Расонаҳои ғарбӣ низ бо нодида гирифтани воқеиятҳо, иқдом ба таблиғи ривояти исроилии ин ҷанг карданд”.
Вай дар поён бо баёни ин ки ҷаҳон бояд ба сурати фаврӣ барои бар гардонидани адолат барои миллати Фаластин иқдом кунад, чунин гуфт: “Фаластин озод хоҳад шуд ва миллати фаластин дар оянда озод хоҳад буд”.
Исроил 7-уми октябри соли 2023 ҷанг алайҳи Навори Ғаззаро бо ду ҳадафи асосӣ аз байн бурдани Ҳамос ва бозгардондани асирони исроилӣ аз ин минтақа оғоз кард, аммо дар расидан ба ин ҳадафҳо ба назари коршиносон шикаст хӯрд ва ночор шуд ба тавофуқ бо гурӯҳи Ҳамос барои табодули асирон рӯй оварад.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”