Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Лавров: “Ба ҳамлаи Аврупо фавран посух хоҳем дод”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар бораи паёмадҳои вайронгари ҳар гуна таҳарруки низомии Аврупо ҳушдор дод.
Ба гузориши расонаҳои Русия Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, шаби якшанбе эълон кард, ки Русия ҳеч барномае барои ҳамла ба Аврупо надорад, аммо дар сурати зарурат барои посухи низомӣ омода хоҳад буд.
Ба гузориши расонаи ТАСС ӯ гуфт: “Мо қасди ҳамла ба ҳеч қисмати Аврупоро надорем. Ҳеч далеле барои ин кор вуҷуд надорад. Аммо агар Аврупо тасмим бигирад таҳдидҳои худро барои омодасозии ҷанг алайҳи мо амалӣ кунад ва ҳамла намояд, президенти Русия гуфтааст, ки посухи мо дигар як амалиёти махсуси низомӣ нахоҳад буд, балки як вокуниши пурраи низомӣ бо тамоми тавонмандиҳои мавҷуд ва мутобиқ ба санадҳои доктринаи низомӣ хоҳад буд”.
Лавров ҳушдор дод, ки агар Аврупо тасмим ба оғози ҷанг алайҳи Русия бигардад, ҳеч тардиде набояд дошт, ки Русия фавран посух медиҳад: “Ин посухи низомии пурра бо тамоми абзорҳои мавҷуд хоҳад буд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”